Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз ҳамон довталабон муовини мудири бонки мазкур Фаррух Нодир буд, ки дар маросими ҷанозаи мудири бонк садри маърака интихоб шуда буд. Ҳамин ҳолат худ тақозои онро мекард, ки ў дар байни коллектив мақоми муайяни хешро дорад. Шояд ҳамин ҳолат боиси нигаронии Саид Вафо гашта буд, ки баҳри пешгирӣ намудани воқеа вайро огоҳ сохт. Ёвари собиқ мудири бонк тайи чанд вақт дар «хизмати» Ҳотам Илёс қарор дошт ва маҳз ў пуле буд байни довталаби навбатӣ ва Ҳотам Илёс. Албатта, чун шахси миёнрав ў фикру андешаҳои хешро дошт ва Худо накарда агар Фаррух Нодир сари қудрат биёяд, пеш аз ҳама кафшҳои вайро пеши по мегузошт. Маҳз аз ҳамин хотир ў ба вохўрии доваталаби дигар ва Ҳотам Илёс сабаб шуд. Новобаста аз он ки ў дар гуфтушуниди расмии тарафайн ширкат наварзид ва оқибати гуфтушунид бо чӣ анҷомид ў намедонист, вале худ чун миёнрав байни тарафҳо боқӣ монд.
Аҷаб не ки худи довталаб ба ў гўшрас накарда бошад, ки ҳа бача эҳтиёт шав. Миёнрав ҳам чун суханчин дар ду олам рўяш сиёҳ аст ва ба ҷуз занг задану тарафи дигарро огоҳ намудан ўро чорае намонда буд.
Албатта, талаби Саид Вафо аз талаби сардори РКД камӣ надошт, ҳарчанд яке генерали милиса буду дигаре ёвари собиқ мудири бонк. Агар генерал дар асоси қонун аз муовинаш иҷрои амалеро талаб карда бошад, ёвари собиқ мудири бонк аз ў қонуншиканиро талаб мекард.
Дишаб ў сари ин масъала хело майна об кард ва ба қавле илоҷашро ҳам ёфт, вале иҷрои ин амали ғайриқонунӣ ҳам вақту соати муайянеро талаб мекард.
Шаби гузашта сардори милисаи шаҳр амали рўзноманигоронро бо контролёри воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ шабеҳ дод. Ҳарчанд ў дар ин бора бо генерали охирзамон баҳс накард. Чунки ҳамон лаҳзаҳо торҳои майнааш чун торҳои ғиҷак аз сўзу гудози хеш шиква доштанд, вале вай итминони комил дорад, ки аз рўзноманигорон дида амали баъзе кормандони милиса ба рафтори контролёри дар саҳни перон буда шабеҳи бештаре дорад.
Сари субҳ генерали милиса ўро бори дигар ба наздаш хонда ҳушдор сохт, ки оид ба санҷиши мақолаи Маъруф Остон бо прокуратураи ноҳияи Сарчашма ҳамкорӣ намуданашон лозим аст.

пешина
аз 558
навбатӣ