Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан ў аз чунин ҳамкорӣ шод нашуд ва ҳамаи инро чанд сабабе буд. Сараввал ҳодисаи таркиш дар кўчаи Н.Қарабоев ба парвандаи ҷиноии рақами 466 ҳамроҳ карда шуда буд. Дуюм чӣ хеле ки генерал иттилоъ дод, аз рўйи мақолаи Маъруф Остон ҳамон муфаттише кор мебарад, ки санҷиши парвандаи ҷиноиро аз рўйи марги Розиқ Амон, Маҷнуни Замир ва таркиши дар кўчаи Н.Қарабоев содиршуда ба дўш дорад. Сеюм ҳарчанд то кунун ҷисми Ёсуман Набот ёфт нашудааст, вале аҷаб нест, ки ягон рўшноие дар ин бора тафтишот ба даст наорад ва Худо накардаву пайвастагиеро дар бораи муносибати полковники милиса ва Ёсуман Набот муайян накунанд, ҳарчанд тайи як солу ду моҳи охир ў Ёсуман Наботро аз наздик надидааст. Худо накардаву ў дар ягон гўшаи дафтар ва ё китобаш номи ин полковники адолатхоҳ ва сағирпарварро дарҷ накарда бошад?
Вайро чизе ба ёд омаду аз ҷайбаш дафтарчаеро берун оварда, баъди варақзаниҳои зиёде рақами телефонеро бо хати батлон сиёҳ кард. Сиёҳ то ба он шакле, ки дигар ягон намуди ташхис барои барқарор намуданаш қодир набошад. Баъди бо зиндагӣ падруд гуфтани Ёсуман Набот дигар бо худ гирифта гаштани рақами телефони хонадони онҳо маъние надошт.
Рўз бегоҳ мешуд, вале то кунун Ҳотам Илёс аз рўйи супориши дишабаи сардори РКД хомаеро болои лисон набурда буд.
Ҳамаи инро сабаб як буд ва он сабабро ў худаш медонисту Худо. Ҳамагӣ ду ҳафта пеш ўро қариб ғаму дарде набуд. Аз он ки ў ба тақдири минбаъдаи мудири бонки саҳомии «Кишоварз»
хати батлон кашид, ҷойи афсўсу надомат ҳам набуд, чунки вай дидаву дониста ўро ҳушдор сохт, ки дигар назди полковники милиса уҳдадорие надорад.
Барои мудири бонк чӣ арзише дошт он ҳиссаи ночизе, ки баҳри вай ҷудо мекард. Гап дар сари ҳисса ҳам не, гап дар дигар масъала мерафт. Модоме, ки Розиқ Амон рўйирост талаби вайро рад кард, пас куҷо буд он кафолате, ки ў рўзе омада пули хеш талаб накунад?
Аз чунин оқипадарон ҳама корро интизор шудан мумкин буд ва он чӣ ки нохалаферо аз байн бардошт, осмон ба замин нарасид. Хас каму ҷаҳон пок гуфтаанд. Дар ин муддат Ҳотам Илёс авроқи рангинеро, ки пур аз саҳву хатоҳост дар зиндагиномаи мудири бонк дарёфт. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ў яке аз саркардагони мухолифин дар диёри хеш будааст ва баъди яроқнокшуданаш ба мардуми маҳал он қадар ранҷро раво дидааст, ки бегона нисбат ба ин халқи тоҷвар дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 раво надида буд.

пешина
аз 558
навбатӣ