Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Модоме ки чунин аст, пас чӣ лозим ин ҳама шуру мағал.
Рафта ҳамаашро тасдиқ карда меоед.
– Ба куҷо?
– Ба назди ман.
– Хуб шудааст, рафиқ полковник, фардо чун аз прокуратура баргардам сари қадам ба назди шумо медароям.
– Дари мо барои дўстон ҳамеша кушода.
– Буздили лаънатӣ. Бубин шонро ба прокуратура даъват намудаанд ва аллакай ба пўсташ кайк даромадааст. Барои чӣ, барои як қоғаз. Гумон дорад, ки банда ба ҷойи ў ба прокуратура меравам. Шояд кораш ҳам чун дилаш тоза набошад, вагарна чӣ ҷойи тарс. Хайр туро даъват намуданд рав, ҷавоби худатро дода биё. Рафту агар гўйӣ, ки варақаи корношоямиро бо амри фалонӣ бурдам теша ба пойи худ мезанӣ. Наход духтур шуда ҳамин чизи одиро нафаҳмад. Не, ў ҳамаро мефаҳмад, вале чун саг аз дусар назди соҳибаш бояд як думликонӣ кунад…
Занги телефон андешаҳои бе сару нуги ўро мисли оне ки пардаи абрро гулўлаборон мекунанд паҳну парешон намуданд… То сарҷамъ омадани он порчаҳои пароканда вақт лозим буд, аз ин рў ў хома ба даст гирифт ва рўзномаи «Айём» –ро ки сари субҳ аз котибот гирифта буд аз ғаладони мизи кориаш бурун овард. Баъди қироати навбатӣ болои қоғази сафеде бо ҳарфҳои хоно чунин навишт «Нақшаю чорабиниҳои санҷишӣ аз рўйи мақолаи «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…». Сипас, дар асоси нишонаҳои овардаи рўзномаи «Айём» санҷиши он бист қасри коширо ба гурўҳҳо ҷудо намуда, ду нафар корманди бахшҳое ки сарпарастиашонро ба дўш дошт ва борҳо дар гармою сармо он ҳардуро санҷида буд, чун иҷрочӣ ба қалам дод.
Танҳо баъди ин ў тариқи занги телефони дохилӣ котибаро ба наздаш хонд ва амр намуд, ки аз рўйи нақшаи мазкур лоиҳаи амри сардори раёсатро тартиб дода, ба назди вай биёрад. Дар чунин корҳо Ҳотам Илёс устоди кори хеш буд ва ҳаргиз намехост, ки бо коррупсия бе амри хаттии генерал аз Магикан сар ба сар шавад. Модоме ки фармудааст, бигузор ба ҳуҷҷатҳо имзои мубораки хеш гузорад. Нақшаю чорабиниҳоро бошад ман бо амри вай тартиб додам. Чун рўзе агар коррупсия ҳам сар бардорад ҳаргиз, домони ман нахоҳад гирифт…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо