Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас тариқи телефони мобилӣ рақами ҳарифи Фаррух Нодир бигирифт ва довталаб ба мансабро ба вохўрии таъҷилӣ даъват намуд.
– Расо соати 2000 дар тарабхонаи Душанбе гуфт он мард ва телефони хеш хомўш кард.
– То вохўрӣ боз ним соат вақт буд ва Ҳотам Илёс аз ҷой бархест чароғро хомўш карду аз дар баромад…

... 41 …

Баъди занги телефонии Фирдавси Ҳаким ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид соате боз сари мизи кории хеш Раънои Бозорро интизор шуд, вале вай омадан он тараф истад, ҳатто занг ҳам назад.
Фосилаи роҳи пиёдагард аз бинои прокуратура то ба милиса на беш аз понздаҳ дақиқа вақтро талаб мекард, вале чун тайи як соат фиристодаи муфаттиши прокуратура то ба бинои милиса нарасид Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки дигар интизор шудани вай маъние надорад.
Чун то фардо субҳ муфаттиши прокуратура аз натиҷаи амалиёти якҷояи Сорбони Ҳомид ва Раънои Бозор нияти маълумот ба даст овардан дошт пеш аз дафтари кориашро тарк намудан капитани милиса тариқи телефон муфаттишро огоҳ намуд, ки Раънои Бозор ба милиса наомад.
– Ман бошад аллакай ба номи вазир дар ин бора мактуб тайёр намудам.
– Оё беҳтар набуд, ки аз рўйи нишондоди Раънои Бозор мо фотороботи он милисаи баландрутбаро тартиб медодем. Ҳамзамон боз дар асоси нишондоди Робиаи Мансур ва Шодмони Сафар фотороботи гумонбаршударо, ки дар он шаби барфӣ дар кўчаи Хуросон дидаанд.
– О сарнозири минтақавӣ гуфт, ки Робиаи Мансур ягон ҳолати аслии корро ба ёд оварда натавонистааст.
– Ин ҳамааш дар мадди аввал. Рафту агар мо Робиаи Мансур ва Шодмони Сафарро ҷеғ зада пурсем - чӣ?
– Ба андешаи шумо духтарак ягон ҳолати иловагиеро ба ёд меорад?
– Намедонам, вале гумон месозам, ки муҳити пурсиш ва тарзи пурсиш низ дар чунин ҳолатҳо нақши зиёде мебозад.

пешина
аз 558
навбатӣ