Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аминам,– гўён Сорбони Ҳомид гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Ба фикрам имрўз то бегоҳ банда аз байни ин чор девори бетонӣ бурун нахоҳам шуд, – гуфт рассом.
– Ҳақ ба ҷониби шумост то нисфи рўз суханони як нафарро гўш намудед ва аз нимаи дуюми рўз бошад ду нафар ба хизмати ҷанобашон хоҳанд омад.
– Намедонам дар ҷойи корам чӣ гўям?
– Ҳеҷ чиз нагўед, ба ҷойи шумо ана ҳамин қоғази безабон сухан мегўяд, – Сорбони Ҳомид даъватномаи милисаро ки болои мизи кориаш мехобид нишон дода гуфт:
– Ҳамаашро фаҳмонда медиҳад.
– Чӣ илоҷ?– хандида гуфт рассом Тайиб Аҳмад.
Дишаб Сорбони Ҳомид сари пурсиши Раънои Бозор ва Робиаи Мансур хело андеша намуд. Дар лаҳзаи охир ў рассоми ҳамдиёраш Тайиб Аҳмадро ба ёд овард, ки борҳо портретҳои кашидааш сазовори мукофот ва дипломҳои байналхалқӣ гаштаанд. Ў шабона ба хонаи Тайиб занг зада фикри вайро дар бораи фоторобот ва расми аз сухан кашидашуда (словестный портрет) донистан хост. Ба ақидаи рассом расмӣ аз сухан кашидашуда ҳам метавонад чун фоторобот хизмат намояд. Ба ҳамин хотир Сорбони Ҳомид рассом Тайиб Аҳмадро огоҳ намуд, ки рафту агар субҳи фардо яке аз шоҳидонеро ки нияти дар асоси суханонаш фоторобот сохтан доранд дарёбад ба вай занг хоҳад зад. Чун сари субҳ ба кор омад Раънои Бозорро дар пеши бинои милиса дид. Сипас ў Раъноро ба дафтари кориаш даъват намуд ва дар бораи он милисаи ситоракалон пурсон шуд. Раъно он милисаро чунон тасвир кард, ки агар Сорбони Ҳомид каме аз илми рассомӣ огоҳӣ медошт дар асоси нишондоди пешхизматдухтари «Олами роз» худ расми он милисаи гумном рўйи лисон меовард. Дар интиҳо ў ба Тайиб Аҳмад занг зад ва ўро ба ҷойи кораш даъват намуд. Рассом тайи ду соат аз рўйи суханони Раънои Бозор симои мардеро болои қоғази сафед овард, ки бо мўйлабу бинии теғадораш расми Сталинро ба ёд меовард. Расм ягон натиҷа медод ё не то кунун маълум набуд, вале худи Раънои Бозор онҳоро бовар кунонид, ки расми кашидашуда ба он милиса ниҳоят монанд аст. Лаҳзае пеш онҳо ҳарду аз тановули нисфирўзӣ баргаштанд ва капитани милиса даъватномаеро баҳри рассом дар котибот муҳр монда омада буд, ки телефони дохилӣ занг зад ва чун ў гўшакро бардошт Шодмони Сафар марде, ки ҳамроҳи Робиаи Мансур бо гумонбаршуда шаби 8 – ум ба 9 – уми декабр соати 1900 – 1905 дақиқа рў ба рў омада буданд занг зада, вохўриро талаб кард.

пешина
аз 558
навбатӣ