Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

... 42 …
– Хуш чӣ кор мекунем?
– Худат беҳтар медонӣ, ки чӣ кор бояд кард.
– Чӣ хел ман беҳтар медонистам?
– Чунки чунин як ихтисосеро пеша кардаӣ.
– Чӣ магар ихтисоси банда ба худат маъқул нест?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Ман бошам мехоҳам, ки вазифаи нохудои киштиро худат ба дўш бигирӣ.
– Чӣ илоҷ, ин хед бошад аз рўйи дастури додаи вай милиса кӣ буд?
– Лейтенант Қудрат Ғайрат.
– Ана, аз рўйи дастури ҳамон лейтенант Қудрат Ғайрат амал мекунем.
– Робиа рақами телефони Қудрат Ғайратро дар диск чид,
чун касе гўшакро набардошт, дуюмбора тугмачаи такрорро зер
кард, вале ҳамааш бе натиҷа… Акнун навбати худат.
– Бо кадом рақам занг занам?
– Ба милиса бо кадом рақам занг мезананд?
– Акнун фаҳмидам гўён Шодмони Сафар рақами 02 – ро тоб дод.
– Навбатдори милиса Шодиев.
– Агар малоли хотиратон набошад маро бо Сорбони
Ҳомид мепайвастед?
– Хуб шудааст, гўшакро намонед!
– Капитани милиса Сорбони Ҳомид гўш мекунад.
– Ман Шодмони Сафар.
– Бисёр хуб аст, ки занг задед.
– Дирўз бегоҳӣ ман аз сафари хизматӣ баргаштам.
– Хуб мешуд, ки ба милиса меомадед ва агар имкон медоштед бо худ Робиаро низ меовардед?
– Магар омадани ў ҳам шарт аст?
– Шарт аст ва чун биёед ҳамаашро хоҳед фаҳмид.
– Майлаш мо розӣ.
– Мо гуфта киро дар назар доред?
– Худам ва Робиаро.
– Ин хел бошад ман шуморо интизор.
– Баъди ним соат расида меоем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо