Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Не, ў ҳамон вақт ҳам орзуи ба курсии мудир нишастанро дошт ва маҳз ҳамин ҳолат аз мадии назари ёвари Розиқ Амон Саид Вафо дур намонда будааст.
Маҳз ба шарофатӣ, не ба касофатии ҳамин иблис (Саид Вафо дар назар аст) вохўрии аввалин ва ба қавле охирини ў бо Ҳотам Илёс, ки дар милиса чун гург дар ҷомаи меш будааст баргузор гардид.
Бубин, худи ҳомии қонун чӣ тавр дар як вохўрӣ ўро барои содир намудани ҷиноят майл кунонд. Дар ин ҷо айбро ба гардани ў ҳам танҳо бор кардан нашояд. Агар ў аз мансабталошии банда хабар намедошт, ҳаргиз дар як вохўрӣ сирри дили хеш ошкор намекард. Банда ҳам чун шабу рўз дар фикри соҳиби мансаб шудан будам, оқибати кори хешро андеша накарда ба ваъдаҳои подарҳавояш бовар намудам.
Дишаб ман дар вохўрии навбатӣ ўро қариб нашинохтам.
Аз он ҳой – ҳою ҳавои даҳонаш нишоне намонда буд. Маълум ки дар ҳақиқат чӣ хеле худи ў гуфт мо ҳарду дар зери сарпўш мондаем.
Аслан барои мансаб талош намудан беақлӣ нест, вале сад афсўс, ки бархе аз мардумон, мисли қиблагоҳи ман, ҳамин чизро нафаҳмиданд, ки нафаҳмиданд.
Гирем ҳамон як туҳфаи оддие, ки ҳангоми гузаронидани як амалиёт Розиқ Амон соҳиб шуд, пули як автомашинаи хориҷӣ буд. Корро мо кардему соати «Ложин» – ро мудир соҳиб шуд.
Магар чунин ҳолатҳо кам буданд. Аз рўйи маълумотҳои ба дастоварда нархи ҳамон соати хурдакак ҳафт ва ё ҳашт ҳазор доллар будааст. Бо ҳама бесаводии Розиқ Амон нигоҳ накарда муносибати корафтодагон ба ў чун ширу шакар. Боз бардор бардор ва шуҳраташро нагўем агар…
– Не, бо ин ҳама муросо кардан осон набуд ва чун Ҳотам Илёс марде, ки умри хеш сарфи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ намуда буд, ба муқобили ў бархоста, магар ман метавонистам фикри ў рад намоям. О, чунин амал ҳама гуна орзую омолҳои бандаро барбод медод. Бандаро танҳо як рақиб мондааст Фаррух Нодир, вале ўро аз байн бардоштан ғайриимкон аст. Ҳарчанд ў муҳофиз ҳам надошта бошад, вале чун ҳодисае ба ў рух диҳад мо ҳама ба зери сарпўш хоҳем монд, чунки шубҳа дар атрофи курсии мансаб хоҳад бархест. Ҳатто Ҳотам Илёс низ дар ин бора бе ягон андешаи пешакӣ чунин изҳори назар намуд.

пешина
аз 558
навбатӣ