Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба гуфти Ҳотам Илёс пулҳои мо низ ба дарду доғи қотил малҳам нашудаанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда прокуратура аз рўйи амалиётҳои гузаронидааш қариб то ба худи қотил баромадааст. Модоме ки тафтишот чунин як роҳи калонеро аз ҷиноят то ба ҷинояткор дар чунин як фосилаи хурд паймудааст, пас чӣ роҳест байни қотилу мо…
Агар худи Ҳотам Илёс дар интихоби қотил хатто накарда бошад, моро хатаре нест. Охир мо ҳама уҳдадориҳои хешро назди ў бе ягон каму кост амалӣ намудаем, пас чӣ тавр ў метавонистааст, ки дар чунин як имтиҳони зиндагӣ, ки Худо ба сараш овардааст номи мо ошкор созад…
– Не, ин ҳеҷ мумкин нест, ки нест.
– Ин танҳо андешаи хоми шумост,– нидо омад аз қалбаш.
– Чаро андешаи хом будааст, чӣ магар мо уҳдадориҳои хешро назди вай иҷро накардаем?
– Шумо ба коре даст задаед, ки бояд астағфуриллоҳ гуфта аз иҷрои он худро канор мегирифтед.
– Акнун кори шудагӣ шуд, дигар чӣ ҷойи баҳси мову ман.
– Ҳеҷ кишт бе дарав намондааст.
– Яъне, ки …
– Бале, ҳар ки бояд оқибати амали хеш бубинад.
– Султон Назарович!, - садо омад аз баландгўяк.
– Ҳа ман.
– Ба назди Фаррух Нодир дароед, - хабар дод котиба.
– Хуб шудааст, – гўён сармуҳосиб аз курсӣ бархест…

... 46 …

Акси ду нафар дар се нигоҳ болои мизи кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ меистод. Рассом дар зери фавораи дуди тамоку байни андешаҳои хеш «шино» дошту шино…
Ў қариб ки нисбати аксҳо дар асоси нишондоди шоҳидон кашидааш бе тафовут буд ва ё дар назари Сорбони Ҳомид ҳамин хел намуд. Ба ҳар ҳол ду расм акси нафаре буд, ки рассом Тайиб Аҳмад аз нигоҳи ду нафар ба тасвир оварда буд. Маҳз ҳамин шахсе, ки акнун аксаш болои мизи кории капитани милиса Сорбони Ҳомид буд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнине гунаҳкор дониста мешуд. Рассом нигоҳи ўро чун расме, ки аз рўйи нишондоди Раънои Бозор рўйи лисон омада буд, бо нигоҳи сард ба тасвир наоварда буд.

пешина
аз 558
навбатӣ