Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Чӣ илоҷ шуморо аз роҳ намедорам. Барои ташвиш доданам бубахшед. Ана ин даъватнома барои ҷойи коратон, – гўён Сорбони Ҳомид даъватномаи кайҳо тайёрнамудаашро ба дасти рассом доданӣ шуд.
– Лозим нест,– гўён Тайиб Аҳмад бо капитани милиса худоҳофизӣ намудан хост.
– Боз як хизмат буд?
– Шуморо гўш мекунам.
– Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки калиди кушодашавии ҳамин ҷинояте, ки гулўи мо мефишурад дар дасти шумост.
– Чӣ хеле дар дасти ман будааст?
– Аниқашро– ку гуфта наметавонам, вале хоҳиш мекунам, ки акси дар асоси нишондоди Раънои Бозор кашидаатонро бо худ гиред.
– Инаш барои чӣ?
– Шояд ягон кас онро дар омўзишгоҳ шиносад.
– Рафту шиносад чӣ?
– Ҳатман ба ман занг занед.
– Оё гуфтанӣ нестед, ки ман худам ўро боздошта ба милиса биёрам,– хандида гуфт рассом.
– Не, шумо ҷони худро дар хатар намонед. Бояд иқрор шуд, ки аз дасти ин мард (ў ба расми дар дасташ буда ишора кард) ҳар кор меояд.
– Майлаш ман розӣ. Расмро бо ягон баҳона ба донишҷўён ва муаллимон нишон хоҳам дод. Мегўям, ки тафаккури ҳамкоронро санҷидан мехоҳам. Тайиб Аҳмад расмро аз дасти Сорбони Ҳомид гирифта, ба ҷузвдонаш андохт. Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ўро то ба истгоҳ гусел намуда пас гашт.
Ў боз сари миз баргашта чашм ба он ду акси марди гумонбаршуда дўхт. Дар ҳақиқат, симои акси дар рў ба рўяш истода барояш шинос буд. Ба фикрам ҳамин симоро ман дар куҷое дидагӣ барин,– аз дил гузаронд вай.
– Инро аввал собит намудан лозим нидо омад аз вуҷудаш.
– Собит намудан лозим, вале чӣ хел?
– Ба ёд биёред, ки ўро дар куҷо дидаед?
– Ин ба гуфтан осон.
– Шояд он ду дилдода ёрӣ диҳанд.
– Кӣ медонад? Рафту агар онҳо ҳам ягон ҳолатро ба ёд биёранд аз ду сар занг хоҳанд зад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо