Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Агар занг назананд чӣ?
– Занг мезананд, чунки мо дар ин бора ба мувофиқа омада будем.
– Модоме, ки чунин аст интизор шавед!
– То ба кай?
– То замоне, ки он ду дилдода дар куҷо дидани он мардро ба ёд биёранд.
– Ин ғайриимкон аст, – гўён Сорбони Ҳомид аз ҷой бархест ва ҳарду расмро ба ҷузвдони кориаш андохта ҷузвдонро ба даст гирифта, аз дар баромад. Баъди понздаҳ дақиқа ў ба дари Фирдавси Ҳаким ангушт зад, вале чун боварӣ ҳосил намуд, ки муфаттиш дар ҷойи кораш нест, суханони дирўзаи ўро ба ёд оварда, ҳамоно бинои прокуратураро тарк намуд…
... 47 …
ТУ– 154 баъди панҷ соати боздошт оқибат майдони ҳавоии фурудгоҳи Домодедоворо тарк намуда, ба фазо хест. Баъди панҷ дақиқаи парвоз стюардесса тариқи баландгўяк мусофиронро огоҳ сохт, ки тайёраи ширикати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар баландии нуҳ ҳазору панҷсад метр ба самти Душанбе парвоз дорад. Аз рўйи тахминҳои пешакӣ бояд тайёра соати 1010 дақиқаи вақти Москва ба сарзамини Тоҷикистон фуруд ояд. Чун овози баландгўяк хомўш шуд, мусофирон пайи ҳам чароғакҳои болои сарашонро хомўш намуда, худро ба хоб андохтанӣ шуданд. Онҳоро хоб бурд ё не маълум набуд, вале муссаллам буд, ки марду занеро аз салони дуюм ба зинҳор хоб нахоҳад бурд. Не, онҳо ҳар кадоме дар алоҳидагӣ сари ғаму андуҳи хеш қарор доштанд. Занро танҳо ғами ҷигарбандаш, ки акнун дохили сандуқи чўбине дар ким куҷойи тайёра ҷойгир буда ба сар будӣ. Мардро ба ҷуз доғи фарзанд боз фикру андешаҳои мухталифе ба сар омадӣ.
Ҳар кадоме дар фазои бекарон бо дарду алами хеш дар талош буданд. Дарду алами онҳо ҳанўз аз лаҳзаи аввали вориди тайёра шудан боз дучанд шуд. Чун онҳо вориди ҳавопаймо гаштанд, як нишоне аз Ватан диданд, ки он забони ноби тоҷикӣ буд. Чун киштии ҳавоӣ моли Тоҷикистон буд, ҳофизе бо забони тоҷикӣ суруде замзама мекард. Пеш аз оғози парвоз охирин суруд дар саҳни киштии ҳавоӣ чунин садо дод:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо