Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бубин, бо рафтори ноҷойи хеш ман худро қариб ради маърака намудам. Агар ҳамдиёрони дар Москва будаамон худашон аз аҳволи ману модари Собирҷон огоҳ шуда, ба наздамон намеомаданд, худам ёрои даъвати онҳоро надоштам. Он ҳама меҳрубониҳои ҳамзабонони хешро дар Москва дида шармам омад. Агар онҳо рўзе фаҳмиданд, ки Маъруф Остон ҳамон марде ки дар Москва ҷигарбандашро талаф доду онҳо чанд рўзе ҳамроҳи ў буданд дар ду куштор даст доштааст, шармандаи ду дунё хоҳам шуд…
Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки Худо шармандаи бозори қиёмат накунад.
Худоё ин чӣ шармандагӣ, ин чӣ бадбахтӣ?
Ҳамааш ба касофатии ҳамон арақи зормонда шуд. Мард шуда ман худро ба даст гирифта натавонистам ва сирри ниҳони хеш дар тарабхонаи «Бону» бо марди ношиносе ифшо намудам, сипас дар хона он асрори ниҳон бо ронанда Насим кушодам.
Гўё онҳо ҳам дар ҷустуҷўи нафаре чун ман буданд. Мисли оне ки дуздро дар обмурӣ медорӣ ман ҳам осонакак ба дасти кадом гурўҳи хунталабе афтидам. Насим аз номи кӣ баромад кард, ба ман маълум нест. Гумон сохтам, ки бо пул ҷони ҷавони Собирамро мехарам ва ана натиҷааш…
Не, ман ҳаргиз бо як тир майли ду нишон накардаам, вале онҳое, ки маро ба ҷиноят тела доданд, бо як тир ду нишон заданд. Сараввал онҳо тавассути дасти ман аз он нафаре ки барояшон маъқул набуд халос шуданд ва дигареро берун аз доираи аҳднома ман бо ташаббуси хеш аз байн бардоштам. Гумон мекунам, ки хуни муҳофиз пурра дар гардани банда афтода. Дуюм онҳо чунин як рўзноманигореро ки синаи хеш дар муқобили «коррупсия» сипар карда буд, дар амал санҷида диданд ва шояд кайҳо фикри хешро нисбат ба ў, ки гуфтораш ба кирдораш монданд набудааст, баён намудаанд. Агар мақомотҳои қудратии кишвар сари мақолаи шумораи 43 – уми рўзнома санҷиш оғоз намуда бошанд, аз ду сар сирри ниҳони рўзноманигори ҷинояткор пўшида нахоҳад монд…
– Магар баъди ин ҳама хунрезиҳо ман метавонам аз адлу инсоф вазъ гўям?
– Ҳаргиз,– нидо омад аз қалбаш.

пешина
аз 558
навбатӣ