Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ин нидои оддӣ набуд, ин нидое буд, ки қалби реши нафаре, ки дар чорсўи зиндагӣ на танҳо ҷигарбанд, балки виҷдону имонашро аз даст дода буд, бархоста…
– Чунин нидо ҳаргиз мақбули касе нахоҳад шуд ва ўро ба ҷуз дар фазои бекарон давр задан дигар фурудгоҳе набошад…
Агар ин сирри ниҳонӣ ошкор гардад, ў дар миёни ҳамзабонону ҳамиллатони хеш бегона хоҳад монд. Шояд рўзе баъди маргаш манзили ўро дур аз манзилгоҳи умумӣ, дур аз роҳ бисозанд чун манзили ғарибон.
Худо нахоҳаду чунин шавад, вагарна дар мазори ў не чароғе сўзаду не гуле рўяд, не парӣ парвона ёбию, не садои булбуле шунавӣ. Чӣ даҳшате, чӣ даҳшат…
Бубин, дар ин чанд рўз ҳамзабонони ў, ки дур аз ёру диёр дар кишвари бегона умр ба сар мебаранд, дарду доғи ўву ҳамсарашро чун дарди хеш қабул намуданд. Маҳз худи онҳо ҳама корҳоро ҳалу фасл намуданд ва ҷисми беҷони Собирашро то фурудгоҳ оварданд. Ба ў ҳатто имконияти чипта гирифтан надоданд, гуфтанд, ки ҷамъияти тоҷикони Москва қобилияти пурраи ҳамаи харҷу хароҷотро ба зимма гирифтан дорад. Ба ивази ҳама кирдорҳои бади вай, ки хуни ду ҳамзабони хеш рехта буд, ҳамзабонони дигараш ўро дар лаҳзаҳои сахттарини ҳаёташ даст гирифтанд. Дар давоми шаш – ҳафт соати дар фурудгоҳи Домодедово буданашон даҳ нафар ҳамдиёронашон лаҳзае аз онҳо ҷудо нашуданд. Ҳар замон онҳо ёдовар мешуданд, ки бандагӣ худ ҳамин аст ва ҳама гуна оҳу фиғон ғазаби Парвардигори оламиён биёрад… Оҳ кош саҳни ҳамон фурудгоҳ мекафиду ўро фурў мебурд, то ба чашми он мардони ориф нанамояд. Аз некиҳои кардаи ҳамдиёронаш шармаш омад…
Тайёра дар як муддати на чандон тўлонӣ мусофиронро бо хуршеди ховар рў ба рў кард. Нурҳои офтоб, ки чун пойандоз ба истиқболи онҳо бархоста буд аз иллюминатор вориди салони тайёра шуданд. Лаҳзае пас стюардесса тариқи баландгўяк мусофиронро ҳушдор сохт, ки онҳо қитъаи Аврупоро убур карда, вориди қитъаи дигари олам Осиё шуданд. Баъди даҳ– понздаҳ дақиқаи дигар баҳри ҳамагон хуроки субҳгоҳӣ оварданд ва ба ҷуз он ду мусофире, ки дар ҷойҳои «б» ва «г» – и қатори 13– уми салони дуюм нишаста буданд, дигар ҳама лаълиҳои калони пласмасиро пеши худ ниҳодаву саргарми таомхўрӣ шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо