Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Шояд ба шумо оби минералӣ биёрам,– пурсид стюардесса…
– Не, лозим нест,– бо як овоз гуфтанд ҳарду.
Духтарак дигар чизе нагуфта, аз пеши онҳо дур шуд. Дар ин субҳи рўзи чоршанбе танҳо ду нафар дар баландии ҳазорҳо метр бо ёди ҷигарбанд сари андешаҳои хеш шино доштанду шино…
Охир сорбонро чӣ парвои онҳо бошад. Собири онҳо бо роҳе бирафт, ки шоҳу гадоро аз он халосӣ нест. Ў аз шарбате нўшид, ки кулли мардумро басанда бошад ва касе аз нўшидани он саркашӣ карда натавонад… Тайи ин чанд рўз ҳамдиёронаш онҳоро тасаллӣ дода гуфтанд, ки риштаи умраш кутоҳ будааст.
Магар аз он ки таноби умри ҷигарбандаш кутоҳ будааст, ў метавонад ором шавад, ҳарчанд нағз медонад, ки дигар ин ҳама оҳу шеванро суде нест, мисли оне, ки чархи таърих бе бозгашт аст. Ҳама гуна сухани тасаллият дар айни замон аз лойи хушке бештар набудӣ ва чун он лой ба девор бизанӣ қарор нагираду биафтад…
Чаро сорбон ба дарди дили ду тан гўш дода, ақидаи дусад мусофири дигарро, ки ҳама зери лаб аз «Қуръони маҷид» сурае хонда, аз Офаридгор сиҳат ва саломат ба замин расиданро талаб доранд, мадии назар мекардааст?
– Чаро?
…
Собири ў чун оташе буд, ки аланга заду хомўш шуд ва дудро дар девори дили волидайн бозмонд, ки доғи он то қиёмат зудуда нашавад. Доғе дар пероҳани сафед…
Дирўз пеш аз ба фурудгоҳ рафтан ў ба дафтари кории Бахтиёр Боқӣ занг зад. Ба ҷойи сармуҳаррир Ҳанифаи Муҳаммад гўшакро бардошт…
Ў аз суханрониҳои Ҳанифа дарк намуд, ки марги Собир дуди ғамро дар девори дили ҳамкасбон низ бозмонда. Ҳанифа қариб, ки сухане гуфта натавонист, гиря гулўгираш кард… Сипас ў гўшакро ба Ҷамила доду қиёматро бо чашми хеш дид.
– Чаро?
Суханони Саъдии бузург:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо