Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Боз пушти дари муфаттиш истодааст, то ҷавоб диҳад, чи тур шуд, ки варақаи корношоямии вай ки аз рўзи 13 декабр дода шудааст, рўзи 11 декабр соати 2130 дақиқа аз ҷайби Насим Ёдгор ёфт шудааст?
– Ҳа, дар ҳақиқат бо таҳдиду фишори полковники милиса Ҳотам Илёс ба ин амал даст задам. Агар фишору таҳдиди ў намешуд, як сол пеш кормандони ШКД – и ноҳияи Гулистон додархонди ў Насим Ёдгорро барои авбошиаш ба маҳкама мекашиданд. Он таҳдидҳое, ки вай кард, Худо худаш шоҳид. Банда ба ростӣ аз ў дар ҳамон лаҳзаҳо тарсидам ва ду соат пас рафта аризаи аввалаи хешро гирифтам. Дар ҳамон лаҳзаҳо ман худро чун хешу ақрабои Насими нашъаҷалоб ва дузд арзёбӣ намудам, ҳол он ки мо ҳаргиз аз як табақаи аҳолӣ набудем. О ман кию Насим кӣ? Ҳаминаш кам буд, ки вай полковники ахмақ баҳри додархондаш боз аз ман варақаи корношоями талаб кард. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки Насим дар минтақаи мо зиндагӣ дошт…
Не, бо ин ҳолатҳо ҳам сабаби бегуноҳии маро собит кардан намешавад, ҳама гап дар сари он меравад, ки банда дар асоси талаби телефонии Ҳотам Илёс варақаи корношоямии додархондашро аз таърихи 13 –уми декабр маҳкам кардам. Чун ҳамин тарафи масъаларо бардоранд, маро ба ҷуз ҳақиқати ҳолро гуфтан дигар чорае нест.
– Ба фикрам варақаи корношоямии ба Насим додаатон ғуборе надошт ҳамин хел?
– Ҳамин хел рафиқ полковник.
– Модоме ки чунин аст пас чӣ лозим ин ҳама шуру мағал.
Рафта ҳамаашро тасдиқ карда меоед!
– Ба куҷо?
– Ба назди ман.
– Хуб шудааст рафиқ полковник фардо чун аз прокуратура баргардам, сари қадам ба назди шумо медароям.
– Дари мо барои дўстон ҳамеша кушода, – ба ёд овард мусоҳибаи дирўзаи хешро бо полковник Ҳотам Илёс сардухтури поликлиника.
О, аз сарат монад дари кушодаат. Ба касофатии ту лаънатӣ имрўз банда дар пушти дари муфаттиш хуни дил хўрда шиштам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо