Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Гумон дорӣ, ки агар маро гунаҳкор созанд асрори он варақаи дар дасти додархондат ёфтшударо пинҳон медорам?
– Ҳаргиз нидо омад аз қалбаш.
– О ман ин хел гуфтанӣ набудам.
– Инро ба касе гўй ки туро нашиносад.
– Инаш рост. Ман гуноҳи касеро ба дўши хеш гирифтанӣ нестам…
– Мардӣ набувад фитодаро пой задан.
– Чӣ, Ҳотам Илёс фитода аст, агар вай лаънатӣ намешуд, банда қасди хеш аз Насим Ёдгор меситонидам. Оё он рўз ба ман осон буд, ки бо ду дасти адаб ба «Олами роз» варақаи корношоямро барояш бурда диҳам.
– Мо вазъи худатро мефаҳмем.
– Чияшро мефаҳмед?
– Ҳамонашро ки худат ҳаргиз дасти одами дар лаби ҷар қарордоштаро нагирӣ ва чун фитодаеро лаби ҷар бубинӣ ўро чунон лагад занӣ, ки устухонҳояш ҳам майда – майда шаванд…
– Замона худ ҳаминро талаб мекунад.
– То дирўз дастҳоят пеши бар ба он полковники милиса аз осмон овардани ситораро ваъда мекардӣ– ку?
– Чунки вай сари қудрат буд. Банда насиҳати падар дорам, ки ҳеҷ гоҳ сухани арбоб нашканам.
– Инашро ҳам мо медонем.
– Аҷиб ки маро бо ман шинос намудед.
– Мо не, ту худат симои аслии хешро бори дигар нишон додӣ.
– Аминам, ки шумо ба номи банда ифтихор доред?
– Ҳаргиз.
– Чаро?
– Чунки ягон қалб одамро ба дурўягиву берўйи ҳидоят накарда.
– Ба ақидаи шумо ман дурўяам?
– Дурўя ин кам аст, ту қодир ҳастӣ, ки дар як рўз даҳ маротиба пўстатро иваз намоӣ, агар аз он бароят заррае манфиат бошад.
Ҳузури зиндагӣ хоҳӣ зи роҳи рост берун шав.
Ки бе ангушти каҷ аз хурма равған барнамеояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо