Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар юриспруденсия мафҳуме дар бораи баҳри шиносоӣ пешниҳод кардани расмҳо ҳаст ва хуб мешуд, ки агар он акси кашидаатонро дар асоси нишондодҳои юриспруденсия ба саҳна мебаровардед.
Сорбони Ҳомид чӣ тавр ба саҳна баровардани аксро бо ҳама ҷузъиёти хурдтаринаш ба самъи рассом бирасонд.
Чун дар бойгонии рассом чунин аксҳо кам набуданд, ў аз ҳамон ҳисоб қариб даҳ расмро ҷудо намуда ба синфхона овард. Аз рўйи нигоҳ онҳо қариб як синну сол буданд. Аз ҳама муҳимаш он буд, ки дирўз дар асоси нишондоди пешхизмати қаҳвахонаи «Олами роз» симои он полковники ба Сталин монандро дар либоси ғайринизомӣ ба риштаи тасвир кашид…
Чӣ хеле Сорбони Ҳомид таъқид намуд, ў расмеро, ки таваҷўҳи милисаро бедор карда буд, дар байн, яъне чорум расм аз тарафи чап ҷо ба ҷо намуд. Дар тарафи рости вай боз чандто чунин аксҳо овезон шудаанд. Албатта, рассом ҳам чун заргар кори хеш медонист…
Муаллим баъди ба журнали синф навиштани номи мавзўи дарс, ба аҳли синф рў оварда гуфт:
– Хуш, вазифаи хонагӣ чӣ буд?
Чанд нафар донишҷў даст бардоштанд.
– Канӣ шумо гап занед, – ба тарафи донишҷўи дар партаи аз ҳама охир нишаста ишора карда гуфт муаллим.
– Вазифаи хонагӣ «Кашидани портрет ва нигоҳ дар портрет буд» ҷавоб дод донишҷў.
– Аминам, ки шумо дарсро тайёр карда омадед?
– Албатта.
– Канӣ, ки ба назди тахтаи синф мебарояд.
– Ман.
– Ман.
– Канӣ шумо, духтари нағз.
– Шаҳнозаи Ҳотам,– худро муаррифӣ намуда ба назди тахтаи синф баромад духтаре, ки дар партаи дуюм аз тарафи чап менишаст.
– Канӣ расми кашидаатонро ба тахта овехта, сарчашмаи илҳоматонро ба ҳамсабақон гуфта диҳед.
– Дар ин ҷо ман протрети мардеро ба риштаи тасвир кашидаам, акси кашидаашро ба тахтаи синф овехта гуфт Шаҳноза. Сарчашмаи илҳоми ман ин кору бори ҳаррўзаи падарам аст.

пешина
аз 558
навбатӣ