Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ганҷашро ку хўрдӣ ва чун муфаттиш биёяд ранҷашро ҳам хоҳӣ дид.
– Тарзе гап мезанед, ки гўё автомашинаи Насим Ёдгорро ман тарконида бошам.
– Агар бегуноҳ мешудӣ ҳаргиз пой бар ин остона намегузоштӣ.
– Ман бо ихтиёри хеш ба ин ҷо наомадаам.
– Медонем, вале агар гуноҳ намедоштӣ ҳаргиз ба инҷо даъват намешудӣ.
– Агар гуноҳе ҳам содир намуда бошам, аз рўи зарурияти ниҳоӣ содир намудаам.
– Гумон дорӣ ки ин даъфа ҳам аз об хушк мебароӣ?
– Ба ростӣ чизе гуфта наметавонам, вале чун фаҳмам, ки хатаре ба сўям таҳдид дорад аз ду сар почаки Ҳотам Илёсро дошта меистам.
Марди тахминан бисту ҳашт сӣ солае дарро кушода, вориди дафтари кории Фирдавси Ҳаким шуд. Лаҳзае пас сардухтури поликлиникаи ноҳия Вайс Тошмат ба дар ангушт зада рухсати даромадан пурсид…
... 52 …
Муаллим як чанд расму мусаввараҳоро пеш аз оғози дарс ба девор овехт…
– Не, ин ихтирои худи вай набуд. Сари субҳ пеш аз ба омўзишгоҳ омадан ў боз ба ҳамшаҳриаш Сорбони Ҳомид занг зада, сари ҳамин масъала пурсон шуд. Ў ваколатдори кофтукови ҷиноятиро бовар кунонид, ки дар ҳақиқат ҳамон полковники милисаро дидааст ва мехоҳад ҳамон расми кашидаи хешро ба донишҷўён муаррифӣ намояд. Мо ҳамин шабу рўз бо хонандагони бахши сеюм дар бораи «Портрет аз нигоҳи рассом»
дарс гузаштем.
– Гапатон дуруст, вале ман мехостам ба ин кор на чун рассом, балки чун заргар муносибат намоед.
– Чӣ хел чун заргар?
– Чунки дар ин ҷо гап дар сари шаъну шарафи инсон меравад ва мо то ҳанўз он полковники мегуфтагиатонро ҳамчун гумонбар ҷустуҷў дорем. Рафту ў дар ҳақиқат гуноҳ надошта бошад чӣ?
– Хайр чӣ бояд кард?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо