Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми танаффус рассом Тайиб Аҳмад ба Сорбони Ҳомид занг зада андешаҳои хешро дар атрофи полковник Ҳотам Илёс баён намуд…
... 53 …

Баъди рафтани Вайс Тошмат муфаттиш муддате сари андешаҳои хеш, ки ҳангоми суҳбат бо сардухтури поликлиникаи ноҳия рўи саҳна омада буданд дар набард шуд.
Ў аз нав лентаи диктофонро ба қафо тоб дода, тугмачаи дигарашро зер намуд.
– Ба фикрам шумо бо Насим Ёдгор шиноси деринаед?
– Не, мо ягон муносибат бо ҳам надоштем.
– Пас чи тавр варақаи корношоямиро се рўз пеш аз муҳлат ба дасти вай додаед.
– Чӣ гўям?
– Росташро.
– Ҳар он чи ки банда кардам, ин танҳо бо супориши боло буд.
– Чӣ хел супориши боло, ба кадом мақсад шумо ба вай варақаи корношоямӣ додед? Аз рўйи маълумоти ба даст овардаи мо ў тайи ду ҳафтаи охир, ки шумо барояш чунин варақа тахт намудаед, боре ҳам аз даву тозаш намондааст. Модоме, ки чунин аст Насим Ёдгор умуман касал набудааст ва дар ин муддат бо ягон амали ғайриқонунӣ сарукор доштааст. Он чи гуна амал будааст? Мо то кунун намедонем, вале рўзе мерасаду тафтишот мўйро аз хамир ҷудо намуда, ҳамаи нуқтаҳоро ошкор месозад.
– Шумо гумон доред, ки дар ҳодисаи таркиш банда, ки ба номи Гиппократ қасам хўрдаам даст дорам.
– Хуб мешуд, ки рўҳи Гиппократро ором мегузоштед!
– Мебинам, ки дар ҳақиқат шумо аз ман домангиред.
– Гунаҳкорӣ ё бегуноҳии шуморо рафти тафтишот собит хоҳад кард, вале шумо аз мансаби хеш сўйистеъмол намудед, ё ҳаминашро ҳам ба гардан гирифтанӣ нестед?
– Чӣ хел сўйистеъмол ё гумон доред, ки Насим Ёдгор варақаи корношоямиашро аз ман харидааст.

пешина
аз 558
навбатӣ