Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ман ин хел гуфтанӣ нестам, вале худи далелҳои мавҷуда гувоҳи онанд, ки шумо ғайримустақим дар хуни рехтаи ў гунаҳкоред.
– Чаро ман гунаҳкор будам. О вай худаш як нашъаҷаллоб буд.
– Шумо ба ҳамон нашъаҷаллоби гуфтагиатон ғайриқонуни варақаи корношоямӣ додед ва оқибат кадоме ҳисобашро бо ў баробар кард. Рафту агар шумо худ баҳри аз ин варта баромаданатон талош накунед, дигар кӣ ҳам метавонад бегуноҳиатонро собит созад.
– Ман бояд сари ин масъала андеша намоям.
– Дар ин ҷода мо баҳс карданӣ нестем, вале шахси ғарқшудаистода танҳо ба кўшишу ғайрати хеш умед баста метавонад.
– Ба фикри шумо ман ҳамон ғарқшудаистодаам?
– Ҳарчанд ҳанўз ҳамин ҳолатро нагуфтаам, вале бояд иқрор шуд, ки вазъи шумо дар айни вақт он қадар хуб нест.
– Аз он, ки банда варақаи корношоямиро бо ихтиёри хеш надодаам, бояд маро бовар намоед. Дар зери таъсиру фишор бошад кор ранги дигар мегирад.
– Хуш, бигўед, кӣ ба шумо чунин фишор овард?
– Ба ростӣ, ман аз ба забон овардани номаш метарсам.
– Шуморо ба ҷуз номи ўро ба забон овардан чорае нест.
– Ҳотам Илёс.
– Ў чӣ кора аст.
– Чӣ шумо ўро намешиносед?
– Не.
– Ў полковники милиса аст.
– Ҳамон муовини сардори РКД-и шаҳри Ховарон.
– Ҳа, худи худаш.
– Чӣ тавр ў шуморо маҷбур кард, ки барои Насим Ёдгор варақаи корношоямӣ диҳед.
– Ин таърихи дуру дароз дорад.
– Ман ба ягон ҷо шитоб надорам, гап занед.
Вайс Тошмат гап заду гап ва ҳар он чи ки вай гуфт бе муболиға ва обу ранг набуд.
Занги телефон садо доду Фирдавси Ҳаким тугмачаи дигари диктофонро пахш карда, онро хомўш намуду гўшакро бардошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо