Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Фаҳмидани ақидаи шуморо мумкин–мӣ ?
– Чаро не.
– Худи ҳамон рўзи таркиш, аниқтараш чанд соат пеш аз тарикиш Вайс Тошмат полковник Ҳотам Илёс ва Насим Ёдгорро сари як миз дар қаҳвахонаи «Олами роз» дидааст.
– Ин аниқ аст?
– Аниқ, мисли ду карат ду…
– Соате пештар Шодмони Сафар тариқи 02 бандаро пурсидааст.
– Ў чӣ мақсад дошт, нагуфтааст?
– Не.
– Рафту агар ягон чиз фаҳмидӣ ҳатман занг зан!
– Хуб шудааст.
– Ман ҳоло ба назди Асад Ғанӣ меравам, – гўён Фирдавси Ҳаким гўшакро болои аппарат гузошт.
То ба беморхона рафтан боз он нишондоди Вайс Тошмат дар мизони ақл баркашид. Он рўз ў бо супориши прокурор бо сардори РКД вохўрд.
– Бо ин масъала метавонед ба полковник Ҳотам Илёс гуфтугў намоед, – аз матлаби муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма огоҳ гашта гуфт генерал Шокир Шараф. Он рўз ў полковник Ҳотам Илёсро дар ҷойи кораш наёфт ва дигар худ имконияти ба он ҷо рафтан надошт. Ҳамин тариқ, то кунун онҳо дар суроғи ҳамдигар ва акнун кӣ медонад ояндаи ин вохўрӣ бо чӣ меанҷомад…
Аз он ки коррупсия онҳоро бо ҳам рў ба рў наовард, ҷойи афсўсу надомат набуд ва агар корҳо бо чунин суръат пеш раванд он рўз дур нест, ки муфаттиш ин даъфа бо собиқ полковник сари як мизи гуфтушунид нанишинанд. Бо ҳамин фикру хаёл ў пой бар остонаи беморхона гузошт…
... 54 …
– Шодмон!
– Ҳа, ҷонам.
– Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
– Ба дидани ту омадам.
– Гуфтам, ки ба мактаб набиё, гапу калочаҳо шуданаш мумкин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо