Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ гапу калоча мешудааст?
– Гўё ки намедонӣ.
– Чиро?
– Ҳамин забони бе шебу фарози мурдумро.
– Кори мардум ба мо чӣ?
– Дар назари худат…
– Ман ба наздат бо дигар кор омадам.
– Гап зан!
– Ман ҳамон мардро дидам.
– Кадом мардро?
– Ҳамоне ки дирўз симояшро рассом аз суханони мо бо риштаи тасвир кашид.
– Хуш, вай кӣ ва чӣ кора будааст?
– Ў рўзноманигори газетаи «Айём» будааст. Ба ёдат ҳаст, ду моҳ пештар дар ҳамон рўзнома «Коррупсияро бо пурбин наҷўед…» ном мақола чоп шуда буд.
– Ҳа, албатта, чунин мақолаҳо на ҳар рўз чоп мешаванд. Ба фикрам номи муаллиф Маъруф Остон.
– Бале, худи худаш.
– О ман гуфтам, ки вай мард олимнамо буд.
– Гуфтӣ.
– Барои ҳамин ба ин ҷо омадӣ?
– Ман бисёр мехостам, ки мо якҷоя ба милиса рафта, дар ин бора бо Сорбони Ҳомид суҳбат намоем.
– Ту ҳоло ҳам гумон дорӣ, ки қотил рўзноманигор аст.
– Не, ман ягон гумон надорам, барои ҳамин омадам, ки бо ту маслиҳат намоям.
– Хайр, ба милиса занг зада гап мезадӣ.
– Аз фурудгоҳ як маротиба ба милиса занг задам, вале Сорбони Ҳомидро наёфтам.
– Ту имрўз дар кор набудӣ?
– Сари субҳ ба кор рафтам. Чун амакам аз Москва меомад, рухсат пурсида ба истиқболаш рафтам.
– Рўзноманигорро дар куҷо дидӣ?
– Дар фурудгоҳ .
– Ў он ҷо чӣ кор мекард?
– Вай ҳам аз Москва омад, бо дили зор…
– Нафаҳмидам.
– Ўро дар Москва ҷигарбандаш фавтида будааст.

пешина
аз 558
навбатӣ