Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Салавот бар Муҳаммад.
– Дар худи фурудгоҳ қиёмат шуд. Маъруф Остону ҳамсарашро, ки ҷисми беҷони писарчаи шашсолаашонро оварда буданд мардумони зиёде гирд карда, ашк мерехтанд. Эй Худо, илоҳо чунин рўзҳоро ба сари саг ҳам набиёрад.
– Ту бошӣ ба милиса занг задӣ?
– Ҳа, хайрият, ки Сорбони Ҳомид набудааст.
– Хуб мешуд, гумонҳои бадро аз сарат дур мекардӣ.
– Ман мехостам ба милиса собит намоям, ки он мард бегуноҳ аст ва хуб мешуд, ки ўро ба ҳоли хеш мегузоштанд.
– Аслан кори хуб накардаӣ, вале агар дар асл мақсадат собит кардани дараҷаи бегуноҳии Маъруф Остон буд, ман ҳам тарафдорам.
– Ба муҳаббати ҳардуи мо қасам, ки маро мақсади дигаре набуд ва акнун омадам, ки дар ин бора бо ту ҷони ширин, ки худ ҳимоячӣ шуданӣ, маслиҳат намоям.
– Хайр, биё рафтем.
– Ба куҷо?
– Фарқаш чӣ, муҳимаш аз пеши мактаб дуртар равем. Дарс тамом шуд, моро дигар то фардо субҳ ин ҷо коре нест.
Онҳо ҳарду паҳлуи ҳамдигар ба тарфи студияи телевизион роҳ пеш гирифтанд.
– Чаро хомўшӣ?
– Чӣ гўям?
– Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чаро милиса аз чунин рўзноманигор гумонбар шудааст.
– Не, то ин дам милиса намедонад, ки шахси гумонбаршудаи онҳо рўзноманигор аст.
– Ҳамааш бо гуноҳи мо шуд.
– Чаро бо гуноҳи мо будааст?
– Охир онҳо расми ўро дар асоси нишондоди мо ба риштаи тасвир кашиданд.
– Мо ҳамон чизеро гуфтем, ки бояд мегуфтем. Ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Дар бораи он рўзноманигор мо ягон маълумоте пештар дар даст надоштем. Ҳамин тавр?
– Бале.
– Пас мо ин ҷо гуноҳе надорем. Аз он чи ки худат вайро дар фурудгоҳ дидаӣ кўҳ ба кўҳ нарасид. Вохўрии шумо ҳам тасодуфан ба амал омад. Ҳамин тавр?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо