Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳамон мардуми дар фурудгоҳ буда.
– Набошад фардо ба милиса занг зада ҳамаашро мегўӣ.
– Не, беҳтараш ҳардуямон ба милиса рафта, ўро ҳимоя мекунем.
– Чӣ хел ҳимоя?
– Мегўем, ки ў гуноҳе надорад.
– Сухани хушку холӣ мисли лой хушк аст, ки вай ба ягон ҷо намечаспад.
– Хайр, чи тавр метавонад, марде ки як умр бо олами ҷиноӣ мубориза бурдааст, даст ба ҷиноят занад?
– Ба ин кор бигузор милиса баҳо диҳад.
– Не, ман боварӣ дорам, ки вай бегуноҳ аст.
– Тафтишот аз ду сар мўйро аз хамир ҷудо мекунад.
– Аминам,– гўён Шодмон Сафар сари чорроҳа бозистод ва Робиаи Мансур низ дар паҳлуи ў қарор гирифт…

... 55 …

– Алло! Алло!
– Ҳа, ман гўш мекунам.
– Рафиқ полковник ин шумо– мӣ?
– Ҳа, ман худаш чӣ гап, ки дар ин бевақтӣ занг задед.
– Тайи ин як рўз ман хело андеша намудам.
– Хуш, ба кадом хулоса омадед?.
– Агар шумо маблағи аз ман гирифтаро баргардонед, ман тайёрам, ки номзадии хешро пас гирам.
– Аз он маблағ як тангаи зардакаш ҳам ба киссаи ман надаромадааст, ки имрўз онро ба шумо баргардонам.
– Охир шумо худ миёнрави ҳамин кор будед, пас ин чи хел мешавад, рафту вай лаънатӣ ба курсии мансаб биёяд, он ҳама камомадро ошкор хоҳад кард…
– Пеш аз пода чанг андохтан хуб нест. То он вақт боз чилу ҳашт соат вақт аст.
– Ман аз шумо рафиқ полковник боварӣ дорам, ки бандаро дар нимароҳ нахоҳед монд. Шикасти ман ин шикасти якҷояи мост, ё гапам нодуруст.
– Дуруст, дуруст, вале на бояд фаромўш кард, ки бар сари фарзанди одам ҳарчи ояд бигзарад.
– Бо ин суханатон чиро назар доред?

пешина
аз 558
навбатӣ