Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафту агар номзадии шумо ҳам нагузарад, метавонед осуда кор намоед. То рўзе ки банда дар ҳамин вазифаам, касе ҳуқуқи пишаки шуморо пиш гуфтан надорад. Ин тарафашро ман кафолат медиҳам.
– Ду ҳафта пеш бошад шумо ба ман кафолати сад фоиза дода будед, ки банда курсии вай худозадаро соҳиб мешавам.
– Ҳамааш мешуд, рафту агар корҳо чунин ранг намегирифт.
– Ба инаш кори ман чӣ? Шумо бояд ягон чорае меандешидед, ки ман он курсиро соҳиб мешудам.
– Гумон доред, ки ман кўшише ба харҷ надодам.
– Чун натиҷааш нест, чӣ ҳам метавон гуфт.
– Беҳтар мешуд, ки бо вай як суҳбат мекардеду пулро бармегардонидед!
– Ин хаёли хомро аз саратон дур кунед.
– Чӣ ман ҳуқуқи талаби маблағи сарфкардаи хешро надорам.
– Ман ин хел нагуфтам, вале беҳтар мешуд, ки мо сари ҳамон суҳбати дирўза андеша мекардем.
– Ин ба гуфтан осон.
– Сабуриро аз даст надиҳед, ман бе фикри шумо нестам. Ба ман бовар намоед.
– Маро ба ҷуз бовар кардан ба шумо ягон роҳи дигар нест.
– Дар амони Худо бошед, – гўён ў гўшакро болои апарати телефон гузошт.
– Худоё, худаш чӣ гап? Лаҳзае пеш Шаҳноза телефон карда хабар дод, ки расми маро имрўз муаллимашон байни чанд расми дигар ба девор овехта будааст. Аз рўйи гуфти Шаҳноза нигоҳи банда дар он тасвир ниҳоят сард будааст. Ҳеҷ чизро намефаҳмам. Аз рўйи иттиллои гирифтаам, имрўз Маъруф Остон ҳам ҷисми писарбачаашро ба хок супурдааст. Аҷаб нест, ки ин ҳама шикастҳо моро то ба куҷо мебарад…
– Не, агар прокуратура ягон гиреҳе нисбат ба банда медошт, кайҳо ба кушодани он дасту остин бармезад. Ман фақат як чизро нафаҳмидам: чаро он худозадаи духтур имрўз занг назад? Ҳама занг заданду ў не? Ҳол он ки ў худаш дирўз ваъда дода буд баъди аз назди муфаттиши прокуратура баромаданаш ба ин ҷо меояд. Не, ин талаби ман буд, ки аз назди муфаттиш рост ба ин ҷо биёяд, вале ў бошад омадан он тараф истад, ҳатто занг ҳам назад.

пешина
аз 558
навбатӣ