Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Аҷаб нест, ки ў акнун пеши дигарон думликонӣ надошта бошад. Баҳри амон мондани сари худаш ў ба ҳама кор қодир аст. Агар ба сари банда балое ҳам биёяд он балоро ҳамон духтури бетамиз пешандоз карда меорад.
Ин ҳамааш кам буд, ки боз Султон Назар ҳам овоз рўшан кард, то дирўз худаш дастҳо пеши бар аз ман ёрию мадад хост, имрўз бошад, бубин, аз куҷо мехонад. Худо накардаву сирри мо ошкор гардад, худи суд дар колонияи ислоҳи меҳнатии режимаш сахт барояш як курсии «мулоимеро» ба муддати на камтар аз даҳ сол ба иҷора хоҳад дод. Ана ҳамин хел, ту лаънатӣ соҳиби мансаби нав хоҳӣ шуд. Афсўс, ки бандаро ҳамроҳи ту якҷоя ба як колона намебаранд, вагарна он ҷо боз саломат медодам. Мансаб мехостааст лаънатӣ. Дер ё зуд суд мансабу ваколатҳоятро муайян хоҳад кард…
Ў дар диски телефон чанд рақамеро пахш кард, вале дар он сў касе гўшакро набардошт. Афсўс бар он хўрд, ки рақами мобилии Вайс Тошматро намедонад. Ў ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовард, ки сардухтур рақами телефонашро дар табло дида гўшакро набардошт. Агар ба воситаи телефони мобилӣ ҳам занг мезад ба гумон буд, ки Вайс Тошмат овоз рўшан намояд.
Акнун ў мўшеро мемонд, ки шунидани овози гурба аз дур ҳам барояш ваҳмангез буд.
Се рўз пеш муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма Фирдавси Ҳаким ба суроғаш омада будааст, вале ўро наёфтааст. Дигар ў куҷо шуд, касе хабар надорад ё худи муфаттиш ҳам бо коррупсия олуда шуд. Аслан аз ғубори коррупсия баромадан ниҳоят мушкил. Худи нафс дар ин ҷода муншии аввал аст ва онро пахш кардан на ба ҳар кас муяссар мешавад. Бубин, Маъруф Остон кӣ буду нафс бо ў чӣ кард?
– Не, ин фикри шумо хаттост? – нидо омад аз қалбаш.
– Чаро хато будааст?
– Чунки вай ба хотири зинда мондани ҷигарбандаш ба чунин амали нангин розӣ шуд.
– Чӣ фарқ дорад.
– Фарқаш аз замин то осмон. Агар ў ба мақсади дарёфти боигарӣ ба чунин амал даст мезад, дигар гап, вале ҳар он чи ки ў кард, ин баҳри наҷоти ҷони фарзандаш буд. Рафту агар давлат ҳамин тарафи масъаларо ба дўш мегирифт, ҳаргиз рўзноманигоре, ки ҳақиқатпарастӣ пешаи ягонааш буд, ба чунин кори нангин даст намезад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо