Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба кори Худои мутаол шак набиёр!
– Тавба кардам.
– Хуб мешуд, ки сирри ниҳони хеш ошкор мекардӣ?
– Дар назди кӣ?
– Дар назди онҳое ки туро ба ин ҷо даъват намудаанд.
– Чун ман сухане ба забон оварам инҳо (ў ба тарафи Сорбони Ҳомид нигоҳе намуда, чун ўро саргарми андешаҳои хеш дид, дилаш каме осуда шуда бо баҳси хешу қалбаш давом дод) маро ба маҳкама мекашанд.
– Боке нест.
– Чӣ хел беандеша сухан мегўед, охир инҳо метавонанд ба ман ҳукми қатл ҳам диҳанд.
– Агар аз самими қалб тавба намоӣ ба гумон аст, ки суд тавбаатро напазирад. Дар он сурат ту ақаллан ҷони хешро аз чанголи марг раҳо хоҳӣ кард.
– Рафту агар ман аз ҳукми олӣ раҳоӣ ёбам аз ду сар боқимондаи умри хешро дар орзуи озодӣ пушти сар хоҳам кард.
– Аз Ҳиндустон умеди бозгашт ҳаст, вале аз гўристон не, мефаҳмед?
– Агар аз осмон афтам умеди зиндагӣ дорам.
Вале аз тоқи абрўят биафтам барнамехезам,– мегуфтед дурустар буд.
– Бигузор гуфти шумо шавад.
– Пас ман бояд он сирри ниҳон ба инҳо (милиса дар назар аст) кушода диҳам?
– Туро дигар роҳе нест ва дар акси ҳол ягон ҳолати сабуккунандае дар дафтари аъмолат ёфт нахоҳад шуд.
– Назди Офаридгор тавба кардам, магар ҳамин кам аст.
– Ҳамаи мо бояд ғуломи қонун бошем.
– В не законна может окозатся каждый.
– Ин роҳи худсафедкуни нест ва гуноҳро ба гардан гирифтан ин худ тавба аст.
– Рафту ман нахоҳам чӣ?
– Ин ҳам бар зарари худат.
– Ман ҳеҷ чизро бой намедиҳам.
– Аз назари худат.
– Аз назари шумо чӣ?

пешина
аз 558
навбатӣ