Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Мо ҳамеша бар он ақидаем, ки тавба беҳтарин туҳфаест назди Худованд.
– Ман гуфтам, ки зери лаб назди Худованд тавба кардам.
– Агар хоҳӣ, ки тавбаат муаллақ намонад, назди бандагони ў тавба намо!
– Лаҳзае пеш гуфтед, ки аз бандагони Худо ёрӣ ҷустан хаттост, пас чӣ лозим пеши онҳо сар фуруд овардан.
– Фаромўш накунед, ки шайтони малъун баҳри он аз биҳишт ронда шуд, ки ба хоки одамӣ саҷда накард.
– Ман ҳеҷ намефаҳмидам, ки аз тавбаи ман ба бандагони Худо чӣ суд?
– Худованд бо чунин роҳҳо бандагони хешро аз кирдорҳои бад бозмедорад ва тавбаи худат дар ин ҷода айни муддао мебуд.
…
– Чаро хомўшӣ?
– Сари пешниҳоди шумо андеша дорам.
– Хуш, ба кадом хулоса омадӣ?
– Роҳи дигареро ба ҷуз тавба намебинам.
– Роҳи дигар вуҷуд надорад. Агар хоҳӣ, ки тавбаат назди Худованд пазируфта шавад, туро танҳо як роҳ аст ва он ҳам иқрор шудан ба гуноҳи хеш. Ростиро набувад заволе ва тавбаи бандаи осӣ назди офаридгор ҳамеша ва дар ҳама ҳолат хуш ояд.
– Иншоолоҳ.
– Пас бишитоб то боз ба васвасаи шайтон дода нашавӣ.
– Астағфуриллоҳ.
– Ба ёд биёр Исмоил писари ҳазрати Иброҳимро, ҳангоме ки падар ўро барои қурбонӣ кардан мебурд чӣ тавр шайтони алайҳилаъна ўро аз роҳ задан хост.
– Бо амри падар ў шайтонро санг зад.
– Бале, айнан худат ҳам дар чунин ҳол қарор дорӣ…
Дар ҳоле ки Маъруф Остон сари андешаҳои хеш банд буд, Сорбони Ҳомид ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷустуҷўиро варақ мезад.
Аслан корҳои ҷустуҷўӣ дар пояи кулминатсионии хеш истода буданд. Ў бисёр мехост, ки Маъруф Остонро рост ба прокуратура ба назди муфаттиш Фирдавси Ҳаким баранд, вале худи муфаттиш хоҳиш намуд, ки бо рўзноманигор дар бинои милиса суҳбат хоҳад кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо