Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Онҳое ки тариқи Насим бо ман роз гуфтанд, ҳаргиз бандаро фиреб надодаанд. Ман баҳри дарёфти маблағи зарурӣ то ба куҷоҳое даву тоз накардам, ба куҷое сар нахалонидам, пеши чанд кас сар хам накардам, вале ҳамааш бе натиҷа анҷомид.
Танҳо шиносоии тасодуфӣ бо Насим бандаро аз даву тоз беҳуда раҳо кард. Шумо бошед гумон доред, ки банда ба доми танидаи Насим дармондаам. Не, шумо ҳаргиз маро фаҳмида наметавонед, чунки худ ҳеҷ гоҳ дар чунин вазъ наафтидаед.
Танҳо вазъи маро ҳамон касе дарк мекунад, ки чунин рўзро аз сар гузаронидааст. Ҳоли буттаи сўхта танҳо буттаи сўхта донад…
– Бубинед ҳатто он пули ёфтагиатон ҳам ба шумо вафо накард?
– Чи илоҷ дунё ҳама шебу фароз будааст, вале банда кўшидам то ҷони ҷигарбандамро раҳо созам.
– Бубинед, бо кадом нарх?
– Шуд, шуд ман монда шудам, маро баред дигар сухане ба забон оварда наметавонам.
– Дар асоси моддаи 412 Кодекси мурофиавии ҷумҳурии Тоҷикистон мо шуморо барои даст доштанатон дар куштори Розиқ Амон ва Маҷнуни Замир муваққатан боздошт мекунем.
Мо кўшиш мекунем ки дар муддати кўтоҳтарин, яъне на зиёда аз се шабонарўзе, ки шумо боздошт шудаед, ба шумо айб эълон намоем.
– Ихтиёр шуморост, дигар маро ба ҳоли хеш гузоред.
– Марҳамат, протоколи боздошт шуданатонро хонда имзо гузоред…
Сорбони Ҳомид аз ҷояш бархеста, пушти дар рафта тугмачаи чароғаки барқиро зер кард. Дафтари кории ў ки муддате дар зери зулмот монда буд, яку якбора нур гирифт…
Муфаттиш ҳам тугмачаи диктофонро зер карда онро хомўш сохта, лентаро аз дохили он берун овард. Умуман, сабти овоз бад набуд, вале афсўс ки он чун далели шайъӣ ба кор намерафт. Қонун ниҳоят нозук аст ва дар ҳама ҳолат гумонбаршуда ё худ айбдоршаванда метавонад аз нишондодаш даст кашад. Ҳарчанд дар пурсиши имрўза тафтишот Маъруф Остонро бо ҳимоячӣ таъмин кард, вале кӣ медонад?
Дар рафти пурсиш на аз тарафи гумонбаршуда ва на аз тарафи ҳимоячии ў Ёрмуҳаммад Бутаков эътирозе нашуд, вале ояндаашро Худо медонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо