Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ана барои ҳамин маҷбур шуданд, ки матни суҳбати хешро ба лентаи овоз сабт намоянд…
– Хуш, акнун чӣ бояд кард?- пурсид муфаттиш.
– Чун сарвари гурўҳи тафтишотӣ ихтиёр шуморост.
– Ба фикрам вақти он расидааст, ки бо Ҳотам Илёс рў ба рў шавем.
– Зид нестам.
– Беҳтар мешуд, ки нақшаи амалиёти дастгиркунии полковники милисаро дар ҳузури Ҳамид Ҷовид мекашидем.
Сорбони Ҳомид чанд рақамеро дар диск гирифт ва гўш ба қимор шуд.
– Ҳамид Ҷовид дар назди телефон.
Сорбони Ҳомид аз натиҷаи пурсиши Маъруф Остон сардори ШКД–ро огоҳ сохта хабар дод, ки ҳамроҳи муфаттиш Фирдавси Ҳаким ба ёрию дастгирии вай ниёз доранд.
– Баъди даҳ дақиқа шуморо қабул мекунам.
Онҳо ҳарду аз ҷой бархестанд ва аз зинаҳо ба поён рафтанд. Сипас, лаҳзае дар саҳни ҳавлии милиса қадам зада, ба қавле аз ҳавои тоза нафас гирифтанд. Танҳо баъди ин аз нав вориди бино гашта, ба тарафи қабулгоҳи сардори ШКД қадам ниҳоданд…
... 59 …
Баҳри ба як нуқта гирд овардани хотироти хеш ва ба курсии мансаб баровардани тасаввуроти ақлонӣ ў ҳиссиёти биноии хешро ки дар зебопарастӣ рақибе надошт, лаҳзае қурбон намуда, болои курсии мулоим ба андеша рафт…
Ҳарчанд ў то ба ин дам чун нохудо киштиро идора мекард, вале тўфони акнун бархоста киштии вайро ба зери тасарруфи хеш гирифта, ба самти муқобил мебурд. Мисли оне, ки бо дуои курмўш борон намеборад, дуои ў низ назди Худованд пазируфта нашуд, ки нашуд ва киштии аз зери итоати нохудо баромада, пурра дар зери тасарруфи тўфон даромада, нохудои хешро ба сўи уқёнус мебурд…
Эҳтимол ў агар дар замин қарор медошт, баробари дидани тўфон буттаеро медошт ва ҷони хеш аз чанголи марг раҳо месохт, вале дар баҳр… Танҳо тайи як рўз боди мухолиф он қадар саҳфаи хотироти ўро варақгардон кард, ки ҳисобаш гум…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо