Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қатра – қатра дарё шавад, гуфтагӣ барин бодҳои мухолифе, ки саҳфаҳои хотироти вайро варақгардон намуданд, то рафт шиддат гирифтанду шидат ва ниҳоят ба тўфони азиме мубаддал гаштанд, чун тўфони ҳазрати Нўҳ20 …
Агар дуои вай назди Офаридгор мақбул мегашт ва боди шурта21 киштии вайро то ба соҳил тела медод, ў минбаъд чи тавр зиндагӣ намуданро ба ояндагон нишон медод…
Аздусар ба фарзандони хеш мегуфт, ки камро хўреду ғамро не…
Бубин, ў худ шукри каму беши зиндагӣ накард ва то ба куҷоҳо пой ниҳод ва акнун бо киштии шикастаи хеш дар дами тўфони азиме истодааст ва тўфон вайро то ба куҷоҳо мебарад, ба ҷуз Офаридгори олам, ки мо низ луъбатакони дасти ўем касе намедонад…
Ҳамаи инро сабаб яктост, мазлум шудан назди нафс. Нафси бадро ё қаноат пур кунад ё хоки гўр. Чун қаноат ҳампешаи вай нашуд, акнун ў мондаасту он тўфони азим, ки дар ҳайбат аз тўфони ҳазрати Нўҳ камӣ надорад ва кӣ медонад ўро бо киштии шикастааш то ба куҷоҳо хоҳад бурд…
Тасаввуроти ақлонӣ аллакай курсии мансабро ба зери тасаруфи хеш дароварда буд. Соҳибмансаб патрони хешро бар он ҳидоят мекард, ки чун кунда дар интизори омадани табар нашавад.Маҳз ҳамин пешниҳод дар вуҷуди вай оташ барангехт ва чашмонашро кушод. Ў нағз дарк намуд, ки дигар вақти баҳси мову ман нест.
Шом кайҳо фаро расида буд. Ҳангоми кор дар милиса ва таҳлили вақту соати содиршавии ҷиноят ҳаминро тақозо мекард, ки кулли ҷиноятҳои олам дар торикӣ рух додаанд. Ҳарчанд ў мақсади содир намудани ҷинояти дигареро надошт, вале наметавонист аз чунин лаҳзаи муносиб даст кашад…
Дар замоне, ки хурд буд, гоҳ– гоҳ бибиаш ҳангоми дер ба хона омаданаш ўро сарзаниш мекард, ки Худованд шабро барои сайругашти ҷину парӣ офаридагӣ на барои одамӣ… Аз панду насиҳатҳои кампир ў аслан баҳрае набардошт. Ҳар он чи ки бибиаш мегуфт, аз як гўшаш даромада чун бод аз дигараш баромада мерафт.
Таҷриба ва таҳлили кор дар милиса нишон дод, ки аксари онҳое, ки шабона ба ҷиноят даст мезананд бурд мекунанд.
Ҷинояткор ҳам чун ҷину парӣ аз рўзи равшан дида ба шаби торик дилбастагии бештаре дорад.

пешина
аз 558
навбатӣ