Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ба замми ин барои ба он ҷо рафтан ман пул ҳам надорам.
– Дар дохили лифофа боз ду ҳазор доллар аст. Гумон мекунем, ки барои ду ҳафта басанда аст.
…
– Чаро хомўш шудед?
– Чӣ гўям модоме, ки шумо ҳамаашро ба ҷойи ман ҳал кардаед. Хуш, кай ман бояд омодаи парвоз шавам?
– Худи ҳозир.
– Ман ҳатто шиносномаамро бо худ нагирифтаам.
– Гирифтани шиноснома душвор нест. Хоҳ нохоҳ шумо бояд сари қадам ба хона дароед.
– Майлаш ман розӣ.
– Ин гапи дигар. Ба замми ин Собирҷон шуморо дида боз чӣ хел хурсанд мешавад, – гўён Насим автомашинаро ба тарафи рост гирифта ниҳоят истод.
– Аз ҳамин ҷо ба таксӣ нишастанатон лозим мешавад. Ман шуморо дар даромадгоҳи марказии фурудгоҳ интизор мешавам. Кўшиш намоед, ки дер намонед.
– Яроқро чӣ кунам? – даст ба ҷайбаш бурда пурсид Маъруф Остон.
– Ҳа, дар воқеъ яроқро гузошта равед. Гумон мекунам, ки дигар он ба шумо лозим намешавад, – хандида гуфт Насим.
Маъруф Остон тапончаро аз ҷайбаш бароварда паҳлуи ронанда гузошта, аз автомашина фаромад…
– Ҳатто нақши ангуштонамро ҳам пок накардам, – ба ёд овард лаҳзаи охирини аз ҷайбаш гирифта паҳлуи ронанда мондани таппончаро.
– Ин танҳо бар зарари худи шумост!
Маъруф Остон дар лаҳзаи аввал гумон сохт, ки нидои қалби худ нисбат ба амали беандешонаи хеш шунид, вале садои эътироз ўро ба худ овард.
– Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл…
Маъруф Остон ин дафъа кулоҳ аз болои чашмонаш набардошт. Ҳамин хел гўш ба қимор шуда мақсади баҳскунандагонро ба хубӣ дарк кард.
Шояд милисаҳо мусоҳибонашонро огоҳ месохтанд, ки нисбат ба бағоҷи доштаи хеш бетавофут набошанд, мабодо…
Баъзеҳо ҳатто ҳамин тарафи масъаларо низ ба дўши милиса бор кардан мехостанд, яъне мегуфтанд, ки агар мо нигоҳ мекардем, пас шумо чӣ лозимед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё