Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Имшаб чанд бор ба буфет рафт ва ташнагии хеш бо нўшобаҳои гуногун бишкаст, вале гумон сохт ки нўшоба нею хуни дил нўшидааст…
Лаҳзае кулоҳашро болотар намуд, ба тарафи соати калони деворӣ нигарист то фаҳмад соат чанд аст, вале аз соат дида чашмаш пештар ба ду милитсионери ҷавоне бархўрд, ки каме дуртар аз ў бо ду нафари дигар суҳбат доштанд. Вай ҳамоно нигоҳашро ба замин дўхт ва боз кулоҳашро болои чашмонаш фаровард…
Марде, ки милисаро борҳо барои муборизаи сусташон ба муқобили ҷинояткорӣ гунаҳкор карда буд, имшаб дар як нигоҳ аз дидани милиса вуҷудаш ларзид. Чунон вуҷудаш ларзид, ки ҳатто маҷоли сар боло кардан ва ба соати деворӣ нигоҳ намудан наёфт. Аслан, ў марди тарсу ҳам нест. Дар даргириҳои сиёсии кишвар яроқ ба даст гирифта, ба ҳимояи ҳукумати конститутсионӣ бархест. Шояд онҳое, ки имшаб ўро ба размгоҳ фиристода буданд, дафтари аъмолашро кайҳо варақгардон намуда буданд, вагарна кӣ дидааст, ки аскарро бе имтиҳон ба набард фиристӣ. Аҷиб ба ман чӣ бало расида бошад, ки вуҷудам меларзад…
Вай имшаб нияти ба фурудгоҳ ҳам омадан надошт. Ба ин сафар ўро онҳое маҷбур намуданд, ки…
Чун автомашина ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ даромад, ронанда чашм аз роҳ наканда лифофаеро ба тарафаш дароз намуд.
– Ин чӣ? – пурсид ў.
– Чипта.
– Ба кино? – талх карда гуфт ў.
– Чипта то Москва.
– Ман рафтанӣ нестам.
– Чаро?
– Чунки пасфардо бояд ҳафтанома нашр шавад. Ман бошам то ҳанўз маводҳоямро насупурдаам.
– Ин тарафашро мо худамон ҳал мекунем, шумо бошед як ду ҳафта он ҷо мемонед.
– Мо гуфта киро дар назар доред?
– Ҳамаи онҳоеро ки дуогўи шумо ҳастанд.
– Дуогў бо кадом нарх?
– Зиндагӣ худ ҳамин аст.

пешина
аз 558
навбатӣ