Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Мисли оне, ки шахси аз хоб бедоршуда лаҳзае ҳам бошад ба андеша меравад, то бифаҳмад, ки чи хобе дидааст, ў низ лаҳзае пеши бинои милиса истод…
Мисли оне, ки аз сардӣ ҷисмҳо фишурда мешаванд, ҳавои сарди шабонгоҳ ба ҷисму ҷони вай сахт таъсир кард. Ҳаракати хунаш зиёдтар шуд, ки ба ба самти Боғи марказӣ роҳ пеш гирифт.
Ў дар кўчаҳои шаҳр аҳён – аҳён сайругашт мекард. Дар ин шаби пурситора дар кўчаҳои шаҳр қадам зада истода ў боз диёри бобоиаш Сағирдаштро бо зимистони қаҳратунаш пеши назар овард. Дар ҳамин шабу рўз дар Сағирдашт на камтар аз якуним метр барф аст, дар бораи хунукиаш ҷойи гап ҳам не.
Солҳое, ки ў талаба буд, то нисфи шаб яхмолакбозӣ ва лижатозӣ мекард. Бо ҳамаи шабгардӣ дар Сағирдашт касе дуздӣ ҳам намекард, дари ҳавлию хонаи мардум ҳатто қулф ҳам надошт, барқ ҳам набуд, вале ҷавонон то дер гоҳ пеши лампаи керосинӣ нишаста китобхонӣ мекарданд. Худи ў дар чунин шабҳо барои бобою бибиаш аз китоби «Шоҳнома» – и Фирдавсӣ достонҳо мехонд. «Ҳотами Той» ва «Чор дарвеш» китобҳои дўстдоштаи бобояш буданд ва ҳеҷ аз шунидани нақли онҳо бобояш монда намешуд. Ҳарчанд телевизор ҳам набуд, вале китобхонӣ буд…
Нақлиёти шаҳрӣ чун моку дар рафтуо буд, вале Сорбони Ҳомид майли ба онҳо нишастан надошт. Ў ҳамон хел сари андешаҳои хеш ба самти Боғи марказӣ қадам мезад. Дар рў ба рўйи боғ троллейбус истод ва аз дари пеш зани тахминан чил – чилупанҷсолае, ки дар дасташ халтаи зебои селофанӣ ва термоси гулдори чинӣ дошт фаромад. – Худоё, чи чеҳраи шиносе, аз дил гузаронд ў ва маҳз ҳамин ҳолат ўро водор кард, он занро дунболагир шавад. Дар интиҳо ў ба ёд овард, ки ин чеҳраро дар куҷо дидааст.
Зани халта бар даст баъди ҳаштод– сад қадам ба тарафи рост тоб хўрда истод ва халтаро ки то кунун дар дасти росташ буд ба дасти чап гирифт ва бо дасти росташ термоси дар замин гузоштаашро бардошта боз роҳашро давом дод.
– Аҷабо ў ба куҷо мерафта бошад? – аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид ва чашм аз зан намеканд. Баъди дусад – дусаду панҷоҳ қадами дигар зан боз ба тарафи рост тоб хўрд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо