Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худоё, худаш чӣ гап? – аз дил гузаронд Сорбони Ҳомид ва суръати ҳаракаташро тезтар кард. Ў дар ҳамон ҷое, ки зан ба тарафи рост тоб хўрда буд бозистод ва ҷисми хешро паси дарахти азиме, ки дар сари гардиш буд гирифт. Аз дур ҳам бошад пеши дарвозаи он бинои қалъабандӣ баръало намудор буд. Зан ин дафъа ҳам термосро ба замин гузошта тугмачаи болои дари хурдакакеро зер кард. Лаҳзае пас духтараки сафедпўше дарро ба рўи вай кушода халтаро аз дасти чапаш гирифт ва зан бори дигар қоматашро дуқат намуда, термосро аз замин бардошту аз пушти он духтарак вориди он қалъа шуд…
– Худоё наход ў ба айёдати шавҳараш омада бошад, вале ин суолаш ҳам чун ҳама суолҳои пешинаш дар ҳамин бора бе ҷавоб монд. Ў соате интизор шуд, вале касе берун наомад.
Ниҳоят тоқаташ тоқ шуд ва он маҳалро тарк кард. Вақте ба хона омад ақрабакаи соат ба бистучор наздик мешуд, вале хоб аз чашмонаш парида буд. Сайругашти шабонгоҳи катакчаҳои майнаашро ба шўр оварда буд. Ў бисёр мехост дар ин бора бо Ҳамид Ҷовид бо марде, ки тамоми умри бобаракати хешро сарфи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ намудааст суҳбат намояд, вале дар нисфи шаб ин кор ғайриимкон буд.
Аз он ки тақдир дар ин шаби тор ўро бо ҳамсари Ҳотам Илёс, бо ҳамсари марде, ки як умр нону намаки милиса хўрда ба намакдони милиса туф намуд, рў ба рў кард, тўфони андешаҳоро чун гирдбоди бесару нўг ба ларзиш овард…
Умедаро кайҳо хоб бурда буд ва нафаскашии орому пасти ў худ шаҳодати бори гарони зиндагӣ ва давутозҳои рўзона буд.
Оқибат ў паҳлу гашта чашмонашро кушод ва дар рўшноии хираи шабчароғ ҷомаашро ба китф гирифта берун баромад.
Вохўрии тасодуфӣ дар истгоҳи боғи марказӣ ўро ором намегузошт. Чунин ҳолатҳо дар зиндагӣ кам набуданд ва ў боварӣ дошт, ки танҳо баъди ба суоли хеш ҷавоб гуфтан майнаашро ором мекунад.
Чӣ тавр дар муассисае, ки низоми сахт ҷорист, соати бистуду нафареро, ки ба он муассиса сару коре надорад, рухсати даромадан доданд. Шахси дар чунин поси шаб ба чунин беморхона ташрифовардаро чӣ мақсаду маромест. Чаро ўро дар пеши дари беморхона лаҳзае ҳам роҳ нагирифтанд, ҳарчанд даромадани шахсони бегона ба он ҷо маън аст. Чаро он зан дигар аз бино берун наомад ва ўро дар бинои беморхонаи касалиҳои рўҳӣ чӣ корест?

пешина
аз 558
навбатӣ