Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Боздоштшуда табассуме намуда, забонашро аз аввала дида бештар баровард.
– Дигар ин ҳилаҳоят намегузаранд,– гуфт муфаттиш ва «бемор»–ро ба нишастан ҳидоят намуд…
– Полковники муҳтарамро ба шумо ва шуморо ба Худо месупорам, аминам, ки суҳбати дар пеш истода суҳбати оддӣ нахоҳад шуд. Ҳакимович акнун ба мо рухсат диҳед, ки равем.
– Ба шумо рухсат, вале шербачаҳоятон (он ду милисаи қаторие, ки дар дастгир намудани Ҳотам Илёс саҳмгузор буданд)–ро ҷавоб дода наметавонам.
– Онҳо ба ягон ҷо шитоб надоранд ва аминам, ки дар кандани пўсти думи хар шуморо дастгир хоҳанд шуд.
Сорбони Ҳомид сари қадам ба милиса даромада Ҳамид Ҷовидро аз анҷоми кори хеш огоҳ намуд ва рухсат пурсида ба хона рафт.
Рўз бегоҳ мешуд. Ў ба мағозаи туҳфаҳо даромада баҳри Наҷиб, ки имрўз зодрўз дошт, туҳфаи хоксоронае гирифт… Чун ба хона омад, ҳама омад – омади ёру дўстони Наҷибро интизор буданд.
– Хайрият омадед? – гуфт Умеда.
– Бо ҳама шўхию бо Наҷиб ҳам шўхӣ,– гўён ў пойи бар остонаи меҳмонхона гузошт.
Соате пас дар фазои хонаи кўчаки онҳо садои базму тараб танинандоз гашт. Наҷиб ҳамроҳи ҳамсабақонаш аз Консерваторияи миллӣ як базми раббоние ташкил намуданд, ки дар он «Шашмақом» ҳам буду «Фалак» ҳам. Худи Наҷиб дар зодрўзаш рў ба эстрада овард…
Шаҳр холӣ, ҷода холӣ, кўча холӣ, хона холӣ,
Ҷом холӣ, суфра холӣ, соғару паймона холӣ.
Кўч карда даста–даста ошноён андалебон,
Боғ холӣ, боғча холӣ, шоха холӣ, лона холӣ…
Дар ҳоле ки шеъри шоир ва ҳофизи мумтоз Амирҷон Сабурӣ бо овози ширину ширадори Наҷиб дар фазои хонаи кўчаке танинандоз буд, дар дигар гўшаи шаҳр дар бинои прокуратураи ноҳияи Сарчашма Ҳотам Илёс ном зоти «пок» чун актёри номӣ ҳозиронро бовар кунонданӣ мешуд, ки дар дунё чӣ гапу корҳо гузаштааст, ў хабар надорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо