Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд ў кўшиш ба харҷ медод, ки нақши хеш дуруст бибозад ва ин кор ба ў то андозае даст ҳам дода буд, вале аз чӣ бошад, ки муфаттиш ба ў бовар накард, ки накард…
... 66 …
Чун як сухани гумонбаршуда аз аршу дигараш аз фарш буд, муфаттиши прокуратура маҷбур шуд, ки бо қарори хеш ўро ба комиссияи тиббӣ оид ба ташхиси рўҳшиносӣ фиристод.
Хулосаи комиссияи тиббӣ аз он шаҳодат медод, ки Ҳотам Илёс ба касалии рўҳӣ ҳеҷ гоҳ гирифтор набудааст ва нест.
Чун тири Ҳотам Илёс хок хўрд, талаб намуд, ки бе иштироки ҳимоятчӣ ў сухане ба забон нахоҳад овард. Иштироки ҳимоятчӣ аввалаеро ки тафтишот баҳраш таъмин намуда буд рад кард ва талаб намуд, ки сарвари коллегияи адвокатҳои шаҳрӣ Фарҳод Замон ўро ҳимоя намояд. Талаби ў ба инобат гирифта шуд ва субҳи рўзи панҷуми феврал баробари ҳозир шудани Фарҳод Замон ва ба таври расми ҳимоячӣ эътироф шуданаш ба пурсиши Ҳотам Илёсро шурўъ намуданд…
Қарибиҳои шом Сорбони Ҳомид баъди занги телефонии Фирдавси Ҳаким ба прокуратура омад.
– Ҳа, бедарак шуда рафтед?
– Худатон нағз медонед, ки байни мову прокуратура чӣ монеаҳоест.
– Ҳеҷ кас аз шумо домангир нест.
– Медонам.
– Пас ин ҳама дури ҷўстанҳоятонро сабаб чист?
– Мо мехоҳем, ки тафтишот объективона гузарад, барои ҳамин аз омадан ва иштирок намудан дар вақти пурсиш худдорӣ намудем.
– Мо ягон сирри пинҳоне аз милиса надорем. Ба замми ин дар кушодани ҷинояти мазкур саҳми милиса бештар аст. Инро ман на як бору ду бор ба самъи прокурор ҳам расонидам.
– Хуш аз ман чӣ мехостед?
– Қариб ки ҳеҷ чиз. Ман имрўз дар ҳузури ҳимоятчӣ Ҳотам Илёсро ба сифати гумонбаршуда пурсидам ва бисёр мехостам, ки пеш аз эълон намудани айб ва пурсиши ў ба сифати айбдоршаванда як маротиба сабти овози ўро якҷоя гўш намоем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо