Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд, маҳз барои ҳамин шуморо аз кори асосиатон мондам, бубахшед.
– Чӣ илоҷ банда дар хизмати шумо.
Фирдавси Ҳаким аз чойники дар паҳлуи мизи кориаш буда як пиёла чой рехта, назди Сорбони Ҳомид гузошт ва тугмачаи диктофони «Сони»–ро ки шояд алакай омодаи кораш намуда буд зер кард.
– Аслан шуморо чун супоришдиҳанда дар куштори мудири бонки «Кишоварз» Розиқ Амон ва ҳимоячии ў Маҷнуни Замир гумонбарем.
– Гумонбаршуда ин ҳанўз маънии гунаҳкорро надорад ва ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро бандаро дар чунин як ҷинояти мудҳиш гумонбар шудаед.
– Беҳтар мешуд, ки шумо ба суолҳои гузоштаи мо ҷавоб мегуфтед.
– Ман мегўям, ки ягон асосеро барои ба чунин амал даст задан надоштам.
– Тафтишот бисёр ҳолатҳоеро медонад, ки ба муқобили шумост ва аз назари мо шумо бояд барои ҳимояи худ агар далелҳое дошта бошед пешниҳод намоед.
– Ман гуноҳе надорам. Рафту агар шумо чунин далелҳо дошта бошед метавонед манро бо ман шиносонед.
– Чӣ илоҷ. Оғози корро ман ба зимма мегирам, вале анҷоми онро ба шумо ҳавола мекунам.
…Соле пештар, аниқтараш моҳи октябри соли гузашта шумо аз содир шудани ҷинояте бохабар шудед. Маҳз ҳамин ҳолат шуморо бо Розиқ Амон рў ба рў кард. Ба ҷойи он ки ҷиноятро ба қайд гирифта, вайро ба ҷавобгари кашед, шумо ҷиноятро пинҳон намуда, бо роҳи шантаж аз ҷинояткор маблағи муайянеро талаб намудед. Розиқ Амон қасри дар маҳаллаи Зарафшон бо номи ҷиянаш доштаро фурўхта, даҳони шуморо баст. Аз ҳамон маблағ шумо ба номи додарарўсатон Шерзамони Баҳром қасри кошие сохта истодаед…
– Модоме, ки чунин будааст, пас чи лозим буд, ки баъди як сол ман қасди ҷони вай намоям?
– Шумо аслан чун минотавред. Бо ҳама он маблағи гирифтаатон қаноат накардед ва боз тариқи шантаж Розиқ Амонро афшониданӣ хостед.

пешина
аз 558
навбатӣ