Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Магар имконияте набуд, ки оташи ҷангро аз лаҳзаи аввали ба вуқўъ пайвастанаш хомўш созанд? Ҳама бетарафиро интихоб карданд. Армия бетараф, милиса ва КГБ бетараф, тавба аҷаб замонаеро дар дами пирӣ дидем.
– Ана, барои ҳамин ман омадам, ки ба мардум фаҳмонам сафедро аз сиёҳ, некро аз бад фарқ намоянд ва хуни бародари хеш нарезанд.
– Ва гумон дорӣ, ки суханат ба гўши онҳо медарояд?
– Албатта.
– Хобатро ба об гўй бачам, ту бо собуни ин мардум то ҳанўз ҷомашўйӣ накардаӣ.
Ба Шодӣ ҳам душвор буд. Агар дар ин ҷода бо дигар кас баҳс мекард, шояд даст ба гиребон шуда, фикри худро мегузаронд, вале бо падар…
Магар ў метавонад талаби ҳамдеҳагони дар шаҳр будаашро ки мақсадашон ба ҷуз оромию осудагӣ дигар чизе нест ва маҳз ба ҳамин хотир ўро аз номи хеш ҳамчун вакил ба зодгоҳашон фиристодаанд, иҷро накарда пас гардад. Мўйсафед ҳам дар ин суҳбати нисфишабӣ, ки он ба баҳси беохир мубадал гаштанаш мумкин буд, мефаҳмид, ки Шодӣ ҳаргиз бетарафиро ихтиёр карда наметавонад. Мефаҳмид, вале аз асп фаромада бошад, ҳам пой аз узангу гирифтан намехост, чунки ба ҳар як тори мўйи писар чун дор меларзид ва дар он шабу рўз танҳо ў не, балки ҳамаи мардуми Роғ дар чунин аҳвол буданд. Ва ниҳоят ба Шодӣ муяссар шуд, ки падарро ба ақидаи хеш розӣ кунонад. Ва акнун борҳо ба таънаю маломати ҳамсараш, ки: – Ҳақиқат ҷуста чи шудӣ, ба сари худамон бало овардӣ, – мегуфт, рў ба рў шуд…
Мўйсафеди Гул Набӣ ниҳоят пой бар ҳамворӣ, ба рўйи роҳи калон гузошт.
– Э хайрияте, – оҳи сабуке кашида гуфт ў бо рўймолча арақи сару рўяшро пок карда истода. Ҳарчанд шамоли серуни болои ағба ба кас ҳаловат мебахшид, вале мўйсафед аз он дарҳарос буд. Дар ҳарос аз он буд, ки баданаш саропо дар зери арақ буд ва шамол метавонист тани бе ин ҳам саршори дардро боз ба дард биёрад.

пешина
аз 558
навбатӣ