Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Беҳуда нагуфтаанд, ки касал аз ҳама беш пиронро ёд мекунад.
Барои каме ҳам хушк шудани арақи баданаш ў ба тарафи дулонаи якка, ки дар охири гардиши роҳ ба чашм мерасид, ҳаракат кард. Ҳамагӣ чанд қадам монда буд, ки автомашинаи сабукрави «Жигули» чун бод аз паҳлуяш гузашта рафт. Афсўс хўрд, ки автомашинаро надид ва ҳатто овозашро ҳам нашунид, ки даст бардорад. Баъди қадамзаниҳои бисёре ў назди дўлонаи якка расид, ки саросар ғарқи гул буд. Мўйсафед аз рўзе, ки худро шинохт, дарахти дўлона дар ҳамин ҷояш буд ва имсол ҳам ғарқи гул. Аҷибаш он буд, ки дар ин мавзеъ ба ҷуз ҳамин дарахти дўлона дигар ягон намуди дарахт ба чашм намерасид ва ҳама ҳайрони он буданд, ки дарахт дар таги куллаҳои барфпўш чӣ хел рустааст? Ҳама ҷавоб меҷустанд, вале касе посух намеёфт. Мўйсафед оҳиста таги дарахти дўлона, ки гулҳояш дар ин субҳи офтобӣ чун мавҷи дарёи хурўшон чашмро мерабурд нишаст…
Дар давоми як ҳафтаи дар Роғ будан ба Шодӣ Гул муяссар шуд, ки фикру ақидаи силоҳбадастонро тағир диҳад. Бисёри аз ҷавонони силоҳбадаст, ки аз дигар шаҳру навоҳи ҷумҳурӣ ба Роғ омада буданду ин ҷойро ба маркази даргириҳои сиёсӣ табдил додан мехостанд, хатои хешро фаҳмида, яроқҳояшонро ба мақомотҳои салоҳиятдори ҳокимияти маҳаллӣ супорида, Роғро тарк намуданд. Маҳз ҳамин кор обрую эътибори дузду роҳзанҳоро ки маслиҳатчию машвратчии ҷавонони силоҳбадаст буданду аз ҳисоби гумроҳии онҳо маишат доштанд коста гардонд ва аз пайи гирифтани қасос шуданд.
Аз дур автомашинаи сабукраве пайдо шуд ва мўйсафед ба бори асояш нимхез гашта даст бардошт, вале ҳайҳот ронанда, ки дар паҳлуяш ҷавонзани зебое менишаст ба тарафи ў нимнигоҳе ҳам накарда шуввӣ гузашта рафт.
Гул Набӣ боз ба замин нишаста, чашм ба роҳ дўхт. То нисфирўзӣ дигар автомашинае наомад, вале ин ҳолат ҳам азми мўйсафедро дигар накард.
– Ҳар чӣ бодо бод, рафтан лозим, – худро таскин дода мегуфт ў ва ба сабру тоқаташ қоил нашудан ғайриимкон буд.
Дар нимаи дуюми рўз аз дур автомашинаи калоне намудор гашт.

пешина
аз 558
навбатӣ