Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ронанда набудам, вале дар ин роҳҳо ман бисёр сафар намудаам.
– Бори охирин кай ба шаҳр рафта будед?
– Ҳамон соле ки мардум дар ду майдон ба муқобили ҳамдигар нишаста буданд.
– Дар тўли ин ҳафт – ҳашт соле ки шумо дар деҳа будед, вазъи роҳҳо ҳам тағир ёфтааст бобо.
– Чӣ хел тағир?
– Сабр кунед ҳамаашро худатон хоҳед дид.
– Майлаш, сабр бошад, сабр мекунам.
Автомашина дар роҳи морпечи кўҳӣ оҳиста – оҳиста ҳаракат дошт. Мўйсафед ба ин тарафу он тараф наззора карда, якбора рў ба ронанда гардонда пурсид:
– Аслан аз куҷо мешавед?
– Аз Деҳбаланд, – ғунгос зада гуфт ронанда ва мўйсафед фаҳмид, ки саволи ноҷо дод.
– Бубахш бачам, бало пирӣ. Маҳз ҳамин хатои мо буд, ки Тоҷикистонро ба қисмҳо ҷудо намудем ва ҷавононро ба ҷойи дар рўҳияи ифтихор аз миллат тарбия намудан, дар рўҳияи маҳалчигӣ тарбия намудем ва маҳз ҳамин хато миллатро ба вартаи ҳалокат тела дода буд. Аз маҳалчигӣ дида иллате барои миллат хавфноктар нест.
– Ман хафа нестам ва андешаи шумо дар бораи маҳалчигӣ рост аст ва маҳз ҳамин маҳалбозӣ буд, ки тоҷик хуни бародари хеш рехт ва ҷамъият рў ба парешонӣ овард.
– Аз парешонии ҷамъият нигоҳ дорад Худо.
– Омин, – гуфт ронанда ва бо як даст чамбараки рулро дошта, дасти дигарро ба рўяш кашид.
Ин рафтори ронанда ба мўйсафед хуш омада бошад ҳам барои эҳтиёт ронандаро ҳушдор сохт, ки дар ин роҳҳои хавфнок ҳушёр бошад. Ҳарчанд ў нагуфт, ки дастатро аз чанбараки автомашина бардоштан хуб нест, вале ронанда мақсади аслии мўйсафедро пай бурд магар, ки ўро ором намуда гуфт:
– Метавонед осуда бошед бобо.
–Эҳтиёт ними ҳаёт гуфтаанд.
– Бале, бобо.
Мўйсафед хомўш монд.
– Монда шудааст, – аз дил гузаронд ронанда ва ўро ба ҳоли худ гузошта, ҳушу гўши хешро ба садои автомашинаю роҳҳои каҷу килеби кўҳӣ, ки фаромаданаш аз баромаданаш душвортар аст, банд сохт.

пешина
аз 558
навбатӣ