Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ронанда то ҳанўз барои хулосабарорӣ имкон наёфта, автомашина аз пеши мўйсафед гузашт. «Ана, боб кардӣ ин мўйсафеди фартутро. Ана, ин аст мукофоти намозҳои хондааш.
Газро пахш кун, газро» – дубора нидо омад аз қалбаш ва ў яку якбора тормозро пахш кард. Фаҳмид, ки фирефтаи гапҳои шайтон шудааст. «Чаро истодӣ ё се рўзи дар маҳбас будан аллакай аз ёдат рафт? Хайр ман огоҳат намудам ва дар роҳ ҳар чи дидӣ аз худ бин. Боз нагўйи, ки нафаҳмидам…
Ба хотири кори нек шуда мардум ба чӣ қурбониҳое розӣ мешаванд. Ту бошӣ барои як хатто як сол, ҳа як сол боз мусофиреро аз роҳ нагирифтаӣ. Қасам хурдам, қасам хурдам, – гуфта мешинӣ? Медонӣ мард бояд баҳри чӣ қасам хурад?
– Баҳри чӣ?
– Баҳри оне, ки дигар ба корҳои зишт даст намезанад. Кори нек қасам надорад ва ҳар кас аз кори нек саркашӣ мекунад, ў назди Худованд осӣ хоҳад шуд…
Ронанда дид, ки мўйсафед базўр – базўр қадам монда, бо умеде тарафи ў омада истодааст, аз кабина фаромада ба истиқболаш рафт ва ҳатто бахшиш пурсид.
– Ҳеҷ гап не бачам, илоҳо садсола шавед, аз офтоббаро то ҳоло рўйи роҳ будам, дар поям мадоре намонд.
Мўйсафед бо ёрии ронанда базўр ба кабина нишаст. Ронанда дари тарафи мўйсафедро маҳкам карда, аз пеши мошин гузашта омада, сари чанбараки рул нишаст ва мошинро ба ҳаракат дароварда истода пурсид:
– Азми куҷо доред бобо?
– Ба шаҳр рафтаниам бачам.
– Ба шаҳр бошад ба шаҳр мебарам шуморо.
– Илоҳо барака ёбед бачам. Сари субҳ ду мошини сабукрав гузашт, вале ба сўям ҳатто нимнигоҳе ҳам накарданд.
– Шумо аз онҳо хафа нашавед бобо, шояд роҳи онҳо то ҳамин наздикиҳо будагист вагарна, кӣ дар чунин шароит холӣ меравад?
– Кӣ медонад? Ман аз онҳо хафа нестам.
– Ана ин гапи дигар бобо, – гўён ронанда автомашинаро ба ҳаракат дароварда, ба тарафи Ғарб нигариста гуфт:
– Бобо, шаб шояд дар роҳ монем?
– Акнун, ки ҳамроҳ шудем, дар куҷое ҳам монем боке нест, вале бигўед, ки чаро то шаҳр намерасидаем? Охир ҳамааш шуда саду ҳаштод километри дигар мондааст.

пешина
аз 558
навбатӣ