Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Дирўз бошад…
Мўйсафед манзараи дирўзаи мактабро пеши назар оварданӣ шуд, вале автомашина суръаташро паст карда истод.
– Чӣ гап шуд?
– Бубинед санги калоне рўйи роҳ аст,– гуфт ронанда ва барои аз роҳ гирифтани санг аз кабина берун шуд…
… 8 …
– Дастатро бардор! – Дастатро бардор гуфтам.
Тўйчӣ Ҷалол, ки дар рўшноии чароғҳои автомашина нияти сангро ғел дода, ба ҷарӣ бурдан дошт, аз ин амри ногаҳонӣ лаҳзае худро гум кард ва чун дубора амр такрор шуд, ў қоматашро рост карда даст бардошт.
Мўйсафед, ки дар рўшноиии чароғ ўро наззора дошт, ҳеҷ нафаҳмид, ки чаро ў даст бардошт ва ниҳоят суханони ронандаро «дар ин роҳҳо шабона рафтан хатарнок аст» ба ёд оварда мўйи баданаш рост шуд.
– Канӣ ин тараф биё!– боз амр кард соҳиби овоз аз торикӣ ва Тўйчӣ дурустар ба тарафи овоз зеҳн монда, дар қисми чапи роҳ дар лаби ҷар нафареро дид, ки нуги автоматро ба тарафи ў рост кардааст.
Тўйчӣ ҳамагӣ чанд қадам ба пеш, ба тарафи овоз монда буд, ки фармони нав шуд.
– Дар ҷоят ист! Дар ҷоят ист гуфтам.
Мўйсафед акнун дар рушноии чароғ ба тарафи торикӣ бо дастони бардошта ҳаракат кардани ҳамсафарашро дида, аниқ будани хатарро ҳис кард. Рўзона вақте ки ў ба автомашина нишаст дар пеши пояш чанд калиди калон мехобид. Ҳоло дар торикӣ бошад ҳам хам шуда калидҳоро даст карда ёфт ва бо роҳи палмосидан калиди калонтарро муайян карда ба даст гирифт.
Аслан, мўйсафедон одамоне ҳастанд, ки дар чиллаи тобистон ҳам ҷома ва ё ҷелакашонро аз тан намекашанд. Мўйсафед калидро ба остини дасти росташ андохт…
– Дар автомашина кист?
– Як мўйсафед.
– Номаш?
– Номашро напурсидам.
– Дурўғ нагў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор