Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дурўғгўй душмани Худо.
– Набошад ҷеғ зан ўро.
– Ў базўр меҷунбад, худам бо азобе ўро ба автомашина шинондам.
– Ҷеғ зан, ки фарояд.
Тўйчӣ Ҷалол бобо гўён овозашро баланд кард. Ҳар чанд садояш баланд набуд, вале он дар мобайни ду кўҳ ба ҳам бархўрда, ғулғулае барангехт ва хомўшии шаби торро халалдор кард.
Мўйсафед сарашро аз кабина бароварда, бо овози баланд гуфт, ки ронанда ўро пурсид?
– Ҳа ман, аз нав овоз рўшан карда ронанда ва мўйсафед дар овози ҳамсафараш хатарро ҳис кард.
– Гўй, ки фаромада, ба рўшноии чароғ биёяд.
– Ман гуфтам– ку худам ўро базур ба автомашина шинондам.
– Худат шинондӣ ё не кори ман нест, гўй ки фарояд.
– Бобо фароед!!!
– О, ман аз куҷо фаромада метавонам? – боз бо тамоми овоз дод гуфт мўйсафед.
– Ана дидед, ки ў имконияти фаромадан надорад.
– Агар хоҳед, ки шарикатон зинда монад, илоҷе карда фароед, - дод зад силоҳбадаст ва мўйсафед фаҳмид, ки бо одами худонотарс шухӣ кардан ин баробари бо думи шер бозӣ кардан аст.
– Сабр намоед, ягон илоҷ карда мефароям,– бо тамоми қувва дод зад мўйсафед ва силоҳбадаст мунтазири фаромадани ў нашуда ба пурсиши навбатӣ гузашт.
– Дар автомашина чӣ қадар бор ҳаст?
– Понздаҳ тонна.
– Бисёр нағз. Пулҳои бори аз ин тараф бурдаат канӣ?
– Онҳоро бор харидам.
– Борат чист?
– Санг.
– Чӣ худат девонаи ё маро девона гумон кардаӣ ва ё аз ҷонат сер шудаӣ?
– На ину на ону на ваяш.
– Шўхӣ накун.

пешина
аз 558
навбатӣ