Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Магар бо шумо шўхӣ карда мешавад?
– Пас чаро росташро намегўйӣ?
– Боз чӣ хел рост? – Росташро гуфтам.
– Ва гумон мекунӣ, ки ман ба ин сафсатагуйиҳоят бовар мекунам.
– Инаш ихтиёратон, хоҳ бовар кунед хоҳ не.
– Канӣ он пири фартутат?
– Аз куҷо донам, албатта, аз автомашина мефаромадагист.
– Эй канӣ шумо!
– Фаромада истодаам,– овоз рўшан кард мўйсафед.
– Тезтар фаро ва ба пеши автомашина гузар!
– Хуб шудааст.
Ниҳоят мўйсафед оҳу воҳкунон бо қомати чун аломати савол асо дар даст пеши автомашина ҳозир шуд.
– Оҳҳо по бар лаби гўр мондааст– ку? Биё, сари як тир кунам ўро, ҳам ҷони худат халос ва ҳам ҷони ў,– ба тарафи ронанда нигариста гуфт силоҳбадаст.
– Бечора мўйсафед чи гуноҳ дорад ки хунаш мерезӣ?
– Хунаш дар гардани худат, охир баъди ба он дунё фиристодани худат ҳам ман ўро аз ду сар ҳамчун шоҳид зинда намемонам. Ҳаминаш беҳтар нест, ки ман аввал ўро сари як тир намоям ва ту вазъи ўро дида муҳри хомўшӣ аз лаб гирӣ, дурўғ нагўйӣ, дар он сурат шояд ба худат раҳм намоям. Ба ҳар ҳол чун мард ман ваъдаи аниқи зинда мондани худатро ҳам намедиҳам, канӣ гап зан дар автомашина чӣ бор дорӣ?
– Гуфтам– ку санг, санги мармар, метавонед рафта бинед.
– Ҳоло аз мўйсафед мепурсам агар дурўғ гўйӣ аз худат гила намо.
– Майлаш пурс, вале ба гумон аст ки ў донад.
– Чӣ хел намедонад?
– Ҳамин хел одӣ, ман ўро аз роҳ, аз болои ағбаи Харгўшӣ гирифтам.
– Мегўйӣ ки роҳ гашта наметавонад, пас ў чӣ хел ба ағба баромадааст?
– Инашро намедонам.
– Эй мўйсафед, аз куҷо ба ҳамин автомашина нишастӣ?
– Аз ағбаи Харгўшӣ.
– То болои ағба чи хел рафтӣ?

пешина
аз 558
навбатӣ