Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў каме худро ба даст гирифта, дурустар зеҳн монд ва мўйсафедро дид, ки калид дар даст болои сари роҳзан рост шуд.
«Наход мўйсафед…» аз дил гузаронд ў ва ба тарафи мўйсафед қадам монд…
– Ба фикрам ҷон дод,– аз болои роҳзан хеста истода гуфта ҳамсафараш.
– Чӣ хел ҷон дод?– ҳайрон шуда пурсид ронанда.
– Чӣ хел, чӣ хел, о ҷонро чӣ хел медиҳанд?– ман ўро куштам гуфт мўйсафед.
– Шумо? – Ҳеҷ боварам намеояд.
– Боз кӣ мешуд? Агар бовар накунӣ набзашро бин ва ронанда сари зону болои ҷисми беҷони роҳзан хам шуд…
Дар рўшноии хираи чароғҳои огоҳкунандаи паси автомашина манзараи рухдода ба дили ҳар бинанда даҳшат зер мекард ва Тўйчӣ Ҷалол ҳам аз ин орӣ набуд. Мегўянд, ки кулли зоянда миранда аст, вале Худо ба ҳама марги сабук диҳад, пеш аз хоби гарон…
Ронанда набзи ўро санҷидан шуд, вале… Хун аз сараш фаввора мезад ва маълум буд, ки мўйсафед бо тамоми қувваташ бо калид ба фарқи сари роҳзан задаст. Ҳарчанд мўйсафед ўро аз марг наҷот дода буд, ин манзараи мудҳишро дар рўшноии хираи чароғ, ки ягона нишона ба рағми зулмот буд дида, мўйсафедро дар дилаш беимон гуфт ва ҳазорон бор ба худаш ҳам лаънат хонд, ки чаро қасами хеш шикаста, ўро савор кард…
Сипас, ў автомати роҳзанро ки дар паҳлуяш мехобид, бардошт ва тирдонро аз ў ҷудо кард. Аҷабо, дар тирдон як тир ҳам набуд. Шояд ягона тир дар стволи автомат бошад,– аз дил гузаронд ў ва затворро ба тарафи худ кашид… Ягон чиз наафтид… Қулангро зер кард ягон чиз напарид…
– Наход шумо…
– Ҳа, ман чӣ магар сабр мекардам, ки кай ў (ба тарафи ҷисми беҷони роҳзан ишора кард мўйсафед) қулангро зер мекарду туро ба он дунё мефиристод. Не, ҳаргиз не, ман шаттаи ин силоҳбадастони лаънатиро хўрдаам. Дар ин сину сол охир ман ба ҳафтоду панҷ қадам ниҳодам, ҳамаи сарсонию саргардониам ҳам аз рўйи ҳамин хонасўхтаҳост. Афсўс кореро ки мақсад доштам ба анҷом расонида наметавонам. Бигузор маро ба маҳкама кашанд, суд кунанд, ман умрамро хўрдам. Аз ду сар пой бар лаби гўр мондам ва аз он хурсандам ин роҳзанро, ки қасди ҷони шуморо карда буд, ба ҷаҳанам фиристодам.

пешина
аз 558
навбатӣ