Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин сагҳо марг надоранд ва саг чун саг бояд ҷон диҳад. Инҳо ҳамон сангҳои рўйи роҳанд ки тайи чанд соли охир мардумро ба ҷон расониданд. Корд аз устухон мардум гузашт ва модоме ки то ҳанўз ҳукумат инҳоро аз рўйи роҳ нагирифтааст ман Гул Набӣ сокини деҳаи Роғ ин корро ба сомон расонидам ва заррае ҳам аз ин кирдори худ пушаймон нестам, чунки ба ивази ҷони як роҳзан ҷони нафареро ки аз сад гулаш як гулаш нашукуфтааст, харидам…
– Аз афташ мўйсафед аламзадааст ва дилаш аз қонуну ҳимоячиёни он ҳам мондагӣ, чаро ман дар роҳ бо ў дурустар суҳбат накардам. Акнун ёбу гир. Мо ҳарду ба гирдобе афтидаем, ки чӣ кор карданамонро Худо медонад…
– Кори хуб нашуд бобо…
– Шудагӣ кор шуд, ба баҳо додани он худат ҳақ надорӣ,– сухани ўро бурид мўйсафед. Фардо агар хоҳӣ маро бурда ба милиса супор. Ному насаб ва суроғаамро ба худат гуфтам.
– Ҳаргиз ман ба ивази некӣ бадӣ намекунам. Вале бояд гўям, ки дар автомати ин роҳзани шумо мегуфтагиат як дона тир ҳам нест.
– Чӣ?
– Дар автомати ин роҳзан ҳато як дона тир ҳам нест ва ман акнун фаҳмидам, ки чаро ў сангро дар байни роҳ баровардааст.
– Гумон мекунӣ ки сангро худи ҳамин кас (ба тарафи роҳзан ишора кард мўйсафед) оварда мондааст?
– Сангро аз дур не, балки аз тарафи рости роҳ, аз кўҳпоя тела дода рўйи роҳ баровардааст…
– Вақти саркардаро чорае нест.
– Ҳоло ки дер нашудааст, чорае ҷустан лозим.
– Илоҷашро намебинам, ба ҷуз он ки ба милиса рафта, ба гуноҳи хеш иқрор шавам.
– Шуморо боварӣ доред, ки милиса ба суханони мо бовар мекунад, рафту ин писар ва ё хешу ақрабои ягон шишка (калон) бошад чӣ?
Мўйсафед дудила шуд. Дар ҳақиқат давре шудаст, ки сухани рост қурбе надорад. Ҳоло бозори фиребгару қалоб дар ҷўш.
Гиребонҳо подоман шудаву подоманҳо гиребон. Асп акнун қурбе надорад, ў ҳақиру хаста пушти дар, ба амру фармони хар омода. Ва биё ба хар исбот кун, ки роҳзан худ ба пеши аҷал омада…

пешина
аз 558
навбатӣ