Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Муаллими математика?
– Муаллими тайёрии ҳарбӣ.
– Дар милиса кор кардан намехоҳед?
– Дар вақташ мехостам, қабул накарданд, акнун дўстонам мехоҳанд, ки ман ҳатман ба милиса ба кор равам, вале…
– Чаро хомўш шудед?
– Сину соламон гузашт ва дигар хостану нахостани банда арзише надорад. Боз тарафи чап гардед, ҳо ана таги вай дарахти арча.
Лаҳзае пас автомашина дар пеши арчаи нишондодагии Мирзо Наҷот истод.
Абдумаҷидов аз он ҳайрон буд, ки ин арчаи якка чи хел дар наздикии соҳил қомат афрўхтааст.
Мирзо Наҷот ҷойи мақтулро нишон дода, бо кадом мақсад дар ин субҳи моҳи апрел ба ин ҷо омаданашро гуфта дод. Аз ҳозирин рухсат пурсида, ба назди сагаш, ки тахминан сад саду панҷоҳ метр дуртар дар соҳил ба тахтасанге баста шуда буд, рафт. Аз рўйи нақли Мирзо Наҷот бармеомад, ки субҳи имрўз соатҳои панҷу си дақиқа ў аз хона баромада ба мақсади доштани моҳӣ ба соҳили дарё омад. Аз рўйи гуфти ў моҳиҳо ҳам вақти муайяни сайругашт доранд ва маҳз баробари ба об афтидани шўълаҳои аввалини офтоб онҳо ҳам ба ҳаракат медароянд, ки ин вақти қулайтарини шикор аст. Ба замми ин маҳз дар субҳи содиқ на кормандони назорати моҳӣ ва на кормандони милиса ба соҳил намеоянд, чунки онҳо аввал ба идора ва пас аз маҷлиси панҷдақиқаина, ки на камтар аз як соат давом мекунад, медароянд ва танҳо баъди ин дар асоси супориш аз пайи иҷрои фаъолияти хизматии хеш мегарданд ва дар ин муддат моҳигир имконияти пурра дорад, ки бо ҳосили меҳнати хеш ба хона баргардад. Маҳз ин субҳ Мирзо Наҷот ба мақсади гирифтани моҳӣ ба соҳил омадааст ва нохост саг ба тарафи арча давидааст ва ба кандани реги паҳлуи арча пардохтааст. Ин кори Зоғча (сагро чунин ном буд) тааҷҷуби Мирзо Наҷотро бештар карда, аз қафои саг ба таги арча омадааст ва пораи матоеро дидааст. Чун он пораи матоъро ба тарафи хеш кашидааст матоъ бо дасти одами берун омадааст. Мирзо Наҷот аз он пораи остин ва дасти аз зери реги соҳил баромада, ба хулосае омадааст, ки дар он ҷо сиррест нуҳуфта ва сагро бо худ ба тарафи роҳ бурдан хостааст, вале ду дафъа ҳам саг ба қафо баргаштааст.

пешина
аз 558
навбатӣ