Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ниҳоят маҷбур шуда сагро бо тасма ва банди бо худ овардааш ба тахтасанге дуртар аз ҷойи ҳодиса баста, худ ба тарафи роҳ рафта, аз деҳаи аввалин ба милиса занг зада, ба қавле қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо овардааст…
Ҳарчанд аз рўйи қонун муфаттиши прокуратура сарварии гурўҳи оперативӣ тафтишотро ба дўш дошт, вале юристи дараҷаи дуюм Сиддиқов кию чи будани ҳар як нафар аъзои гурўҳи фавриро медонист ва дар ин субҳи содиқ ҳам мақоли халқӣ «ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд»–ро ба ёд оварда, аз пири кор Абдумаҷидов маслиҳат пурсид. Танҳо баъди оне, ки майори милиса нуқтаи назари хешро дар ин бора иброз намуд, муфаттиш Сиддиқов ба эксперти тибби судӣ Акбари Диловар ки худи ҳозир ба ҷойи ҳодиса расида омада буд, супориш дод, ки дар ҳузури Мирзо Наҷот ва ронандаи автомашина «Ёрии таъҷилӣ» мақтулро пас аз расми панораммавӣ гирифтани ҷойи ҳодиса аз зери хоку рег берун орад… Бо хоҳиши муфаттиш рафту омад дар атрофи арчаи паҳлуи соҳил то дараҷаи минималӣ кам карда шуд ва ин ба эксперт криминалист капитани милиса Зоҳидов шароити ёфтани изҳои дигарро муҳайё мекард.
Худи муфаттиш ба тартиб додани протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса пардохт. Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ мунтазири хулосабарории эксперти тиббӣ нашуда, ба ҷустуҷўйи нақшҳои ҷиноят дар гирду атрофи соҳил пардохт, вале ҳамааш бе натиҷа.
Эксперти судӣ – тиббӣ Акбари Диловар мақтулро аз назар гузаронида фикри хешро чунин байён намуд:
– Марди тахминан сӣ – сиюпанҷсола, ориёинажот, миёнқад, устухони сараш шикастагӣ ва шояд ҳамин зарба боиси маргаш шуда бошад. Аз рўйи шикасти устухони сар бармеояд, ки касе аз пушт бо ягон чизи вазнин, вале на он қадар тез ба ў зарба задаст. Санг, болға ва ё корд истисно карда мешавад.
Аз рўйи нақши зарба бармеояд, ки зарбазан нисбати мақтул қоматбаландтар аст. Аз рўйи нишонаҳои дар бадани мақтул буда, марг на камтар аз ду ҳафта пеш рух додааст. Бе санҷиш дар озмоишгоҳ ва ташхисӣ дақиқ сабабҳои сар задании марг ва вақти онро муайян намудан ғайриимкон аст. Дигар ягон намуд нишонаи махсус надорад ва агар дошта бошад ҳам баъди гузаштани чунин вақт муайян намудани онҳо ғайриимкон аст. Ягона нишонае, ки мақтул дар бадан дорад, ана ин бозубанди нуқрагин аст ки дар бозуи дасти чапаш баста шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор