Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Акбари Диловар бозубандро барои дидан ва ба протоколи азназаргузаронӣ баъди расм гирифтанаш кушода, ба дасти Сиддиқов дод. Ҳамаи иштирокчиён ин ягона нишонаи ёфташударо ба даст гирифта, ба он чашм дўхтанд. Он аслан ба туморчае монанд буда, дар болояш бо ҳарфҳои кандакорӣ «Дуньё» навишта шуда буд. Ҳозирин ба хулосае омаданд, ки туморча аслан нуқра аст. Либосҳои мақтул либоси низомии бе рутбаю погон буда, дар пояш мўзаи андозаи 41 дошт. Аз он ки мақтул рутбаю погон надошт, ба гурўҳи одамони ҳарбӣ дохил карданаш рост намеомад. Чунки дар он шабу рўз қариб бист фоизи мардум аз тангии рўзгор бо ҳар роҳу восита аз ҳарбиён либос гирифта мепўшиданд. Маҳз касод будани бозор бозори ҳарбиёнро тезонида буд ва ё худи мардум майли пўшидани чунин либосро доштанд. Гурўҳи фаврӣ– тафтишотӣ ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ба хулосае омад, ки баъди боридани борони сел, ки се рўз пеш ба вуқуъ пайваста буд, ҷустани ҳама гуна из ва нақшҳои ҷинояткорон мисли онест, ки бодро бо даст доштани мешавед.
Гурўҳи фаврӣ– тафтишотӣ соати 1045 дақиқа ба милиса баргашт.
Ягона нишонае, ки дар муайян намудани шахсияти мақтул хизмат карда метавонист, ин ҳамон бозубанди нуқрагин буд, ки дар болояш бо ҳарфҳои хоно калимаи «Дуньё» кандакорӣ шуда буд. Аз он чӣ ки бозубанд нав буд ба хулосае омадан мумкин буд, ки шахси калимаи дунёро кандакорӣ намуда, аз қонуни ҳозираи забони модарӣ дуруст огоҳ нест, вагарна ҳеҷ гоҳ ҳарфи «Ь»–ро дар калимаи «Дуньё» наменавишт ва шакли дурусти ин калимаи дар айни вақт чунин буд «Дунё».
Капитани милиса Абдумаҷидов ҳамаи ҳамин ҳолатҳоро дар хабарномаи тартибдодааш дарҷ намуда, баъди гирифтани имзои Воҳид Камол онҳоро дар ҳаҷми панҷоҳ нусха бо иловаи ҳамин миқдор расми мақтул ба котибот супорид.
Аз рўйи қоида дар аскари мавридҳо барои ҳарчи тезтар ошкор намудани ҳодисаи ҷиноят, санҷиши ариза хабарнома ба зиммаи корманде меафтад, ки ба ҷойи ҳодиса рафтааст. Дар ин рўзҳои субҳи охири моҳи апрел низ баъди хомўшии шабона Воҳид Камол санҷиши хабарномаро ба зиммаи ў вогузошт ва боз як саҳфаи ноороме дар зиндагию кори ў оғоз гашт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор