Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў баъди бозгашт аз Свердловск рост ба Раёсати кадрҳои ВКД ҶТ рафт ва ба хизмат тайёр будани хешро иброз намуд.
Дар он шабу рўз ҳама хатмкунандагони мактабҳои олӣ, ки бо ихтисоси ҳуқуқшинос диплом гирифта буданд, дасту остин барзада муфаттиш шудан мехостанд ва ҳатто роҳбарияти раёсати кадрҳо аз дасти баъзе аз онҳо ба дод омада буданд. Гўё дар милиса ба ҷуз тафтишот дар дигар самт кор кардан барои ҳуқуқшиносони навбаромад ин поймол кардани ҳуқуқи онҳо буд ва худиҳо камӣ мекарданд, ки боз як ҳуқуқшиноси дигар аз Свердловск омад…
Нозири шуъбаи кадрҳои раёсат, ки ба кадр таъмин кардани минтақаҳои шаҳрро ба дўш дошт, матлаби Воҳид Камолро шунида гуфт, ки дар тафтишот ҷой нест ва агар ў розӣ бошад, вазифаи инспектор аналетик дар РКД шаҳр холист.
– Ман розӣ.
– Нозири шуъбаи кадрҳо, ки марди кулўлаи айнакӣ буд, аз шунидани ин сухан айнакашро аз чашм гирифта, дурустар ба тарафи мусоҳибаш зеҳн мондан хост ва қариб аз ҳайрат даҳонаш боз монд, вале шояд аз рўйи одат бошад, ки дастаҳои айнакро ба даҳонаш бурда, онро бо нуги дандонҳояш дошт ва ба ин восита дастонашро аз бардоштани чунин бори вазнин эмин сохт.
– Ман розӣ,– дуюмбора гуфт ў.
– Нозири шуъбаи кадрҳо, ки то ҳанўз ҳайрон – ҳайрон ба тарафи ў чашм дўхта менишаст, ин даъфа он бори гаронро аз даҳон ба дасташ гирифта пурсид:
– Чӣ гуфтед?
– Ман розӣ.
– Розӣ ба чӣ?
– Розӣ ба кор, о худатон гуфтед– ку вазифаи инспектор аналетик дар РКД шаҳр холист.
Аслан кори аналетик ҳам ҷиҳатҳои мусбию манфии хешро доштааст ва ҳанўз моҳи аввали ба кор омадан Воҳид Камол инро ба хубӣ дарк кард. Ҷиҳати мусбияш ин таҳлили пурраи вазъи содиршавии ҷиноят ва аз рўйи таҳлил пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ. Ҷиҳати манфиаш ин идоранишин шудан ба мисли бухгалтерҳои солхўрдаи колхозҳои собиқ, ки аз фарбеҳӣ дигар ҳавсалаи қадамзанӣ надоштанд.

пешина
аз 558
навбатӣ